Баргашт Чоп кардан

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҲИФЗИ МАНБАЪҲОИ ОБИ ОШОМИДАНИСТ

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтии худ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу пирях, экологияи минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ менамояд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу экология ҳамчун пешбари рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баланд эътироф менамояд.
Тавре Соҳиби Баҳрулло, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, изҳор дошт, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиати аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодири олами ҳайвонот ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин, олами наботот равона карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳалли проблемаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, пайваста дар сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин аст, ки вобаста ба таҳдидҳои глобалии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин иброз карда буданд: “Обшавии босуръати пиряхҳо ва, ҳамчунин, афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад”.
Воқеан, дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз ҳамагуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки бевосита ва фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ёдрас бояд шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки фаъоли намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Иштирокчиён дар сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба обу манобеи он, аз ҷумла тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ, татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ, мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон ва дигар масоили мубрамро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи чунин ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи обу иқлим баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе соли равон доир шуд, идомабахши ин масъалаи мубрам гардид.
Ин ва далелҳои дигари вобаста бозгӯи онанд, ки воқеан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти иқлимию экологии глобалиро бисёр жарф дарк намуда, таҳдиду хатарҳои гармшавии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳоро таҳдид ба тамоми давлатҳо ва миллатҳо медонанд. Пешвои миллат барои ёфтани роҳи ҳал масъалаҳоеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки бунёдианд ва танҳо дар ҳолати кӯшишҳои дастаҷамъона ва андешидани чораҳои муассир ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”