14-уми сентябр вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9-уми сентябр ба вуқуъ пайваст, инчунин, вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар намуданд.
Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст
Вакили Маҷлиси намояндагон Саид Ғоибназарзода дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд сухан гуфт.
Тавре хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» тавзеҳ медиҳад, Форум бо ташаббуси Ҷамъияти мардумии «Дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ»-и Чин ташкил шуда, дар он вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди инфрасохторӣ, амнияти экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ табодули таҷриба менамоянд.
Машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон
Чанде пеш дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон дар қолаби кишварҳои узви СҲШ баргузор гардиданд.
Иштирокдорон вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири онро ба минтақаи Созмон баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкорӣ бо Афғонистон ҷиҳати таъмини амният, субот ва рушди устувор дар ин кишвар мубодилаи маълумот карданд.
Дар ин бора ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
Ҳамоиш вобаста ба муқовимат бо коррупсия
Дар Вазорати мудофиа таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти ҷойдошта ва чораҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор гашт.
Дар хабари интишорнамудаи маркази матбуот ва иттилооти Вазорат омадааст, ки ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор шуда, иштирокчиён масъалаҳои мубрами марбут ба ҳолатҳои коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.