Бунёд шудани Неругоҳи барқи обии «Роғун», воқеан ҳам, асоси рушди иқтисодӣ ва беҳбудии вазъи маънавии кишвар дар ояндаи наздиктарин аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои ин иқдоми бузурги худ бобати бунёди иншооти аср хуб медонистанд, ки бе «Роғун» барин азамати энергетикӣ ояндаи мо тасаввурнопазир аст. Аз дигар тараф, бунёди НБО «Роғун» истифодаи босамари захираҳои табиии обӣ-энергетикии кишвари мо ба шумор меравад.
Баъди пурра ба истифода додани НБО «Роғун» истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ бамаротиб меафзояд. Бояд таъкид намоям, ки аз рӯи маълумоти пештар интишоршуда, иқтидори ҳар агрегат 600 МВт ва иқтидори умумии НБО «Роғун» 3600 МВт арзёбӣ шуда буд. Баъди омӯзиши иловагӣ, бо назардошти истифодаи технологияҳои нав, аз рӯи ҳисоби мутахассисон иқтидори истеҳсолии ҳар агрегати Неругоҳ ба 630 мегаватт расонда мешавад. Дар натиҷа, иқтидори истеҳсолии Неругоҳ аз 3600 мегаватти пешбинишуда ба 3780 МВт зиёд хоҳад шуд. Яъне, баъди пурра ба истифода додан, ҳар сол дар НБО «Роғун» то 14 миллиарду 400 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол мешавад.
Интизор меравад, дар 10 соли дигар, ки то он вақт бунёди НБО «Роғун» ба охир мерасад, бо назардошти неруе, ки дар ин Неругоҳ истеҳсол мегардад (3780 мВт) ва таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда (НБО «Норак» 335 МВт, НБО «Қайроққум» 48 МВт ва НБО «Сарбанд» 34 МВт) имконият фароҳам мешавад, ки иқтидори истеҳсолии барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ 4197 МВт зиёд гардад. Яъне, истеҳсоли солонаи барқ то 15 миллиард кВт-соат меафзояд.
Аз рӯи тадқиқоте, ки Оҷонсии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor's Global Ratings» гузарондааст, дар соли 2035 иқтидори тавлиди неруи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 фоиз афзоиш хоҳад ёфт, ки ин барои ҳалли камбуди неруи барқ ва содироти ҳудуди 60 фоизи он ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.
Кор дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» босуръат идома дорад. Ҳоло дар тамоми иншооти Неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳои махсус ба 3721-то мерасад. Барои таъмини суръати кор танҳо дар давраи солҳои 2024- 2025 ба майдони сохтмон 443 мошину механизмҳои нав ворид карда шудааст.
То ин дам сарбанди Неругоҳ ба сатҳи 145 метр расонда шудааст. Аз моҳи январи соли равон корҳои омодасозии чархи кории гидроагрегати навбатии Неругоҳ дар корхонаи ширкати «Фойт – Гидро»-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон оғоз ёфт. Фармоишгари он Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Тибқи нақшаи мувофиқагардида, интизор меравад, ки на дертар аз моҳи сентябри соли 2027 васлу насби ин гидроагрегат ба анҷом мерасад. Ин маънои ба истифода додани боз як агрегати НБО «Роғун»-ро дорад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28.12. 2024) зикр шуда буд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Ба ин нияти нек – расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, албатта, пайи ҳам амалӣ шудани ҳамаи тарҳҳои энергетикӣ, махсусан бунёди НБО «Роғун», мусоидат хоҳад намуд.
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда