![]()
Дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт – шаҳри Душанбе ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дошта, биноҳои наву замонавӣ якҷо бо гулгашту боғҳои зебо бунёд мешаванд. Ҳар як боғ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ дорои хусусияти хос мебошад. Ба монанди боғу гулгашти “Яккачинор”, воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Фирдавсӣ, ки барои сайругашт ва истироҳати сокинон доман паҳн кардааст. Дар атрофи боғ тарабхонаи “Яккачинор”, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуданд, ки теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонон аз он дидан мекунанд.
АЗ ХАРОБАЗОР ТО МАКОНИ САЙРУГАШТ
Боғи мазкур то соли 2017 валангору корношоям буд, он дар ҳамин сол аз нав барқарор гардида, ҳоло дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”-и ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад.
Тавре Саидҷон Ҳабибзода, роҳбари Муассисаи мазкур, гуфт:
– Мо барои равшаннамоӣ, таъмири харакҳо, роҳравҳо корҳои зарурӣ анҷом додем. Барои сабзиш ва обёрии дурусти дарахтону арчазорҳо хатти оби иловагӣ гузарондем. Аз ин рӯ, имрӯз “Яккачинор” ба як ҷойи дӯстдоштаи сайру истироҳати сокинон табдил ёфтааст.
Худ шоҳиди ҳол шудем, ки воқеан, имрӯз боғ нисбат ба солҳои гузашта симои дигар дорад: сабзафаршу обод аст. Мутаассифона, дар ин ҷо як мушкили ҷиддие ҳаст, ки сокинони атрофро ба ташвиш овардааст, ин осеб дидани хатти оби ошомиданӣ мебошад.
ОБИ НӮШОӢ БА МУШКИЛ МУБАДДАЛ ШУДААСТ
Гап сари он аст, ки аз қисми болоӣ ва поёнии боғ лӯлаҳои оби ошомиданӣ мегузаранд, ки манбаи асосии таъминоти оби аҳолии маҳаллаи Яккачинор мебошанд. Ҳоло, бинобар корношоям будани ин лӯлаҳо, оби тоза ба маҳалла намерасад ва сокинон аз оби ошомиданӣ маҳрум мондаанд. Ба боғ ғайр аз оби полизӣ, инчунин, оби тозаи нӯшоӣ аз лӯлаи кафида ҷорӣ шуда, онро ба як ҳавзи сунъӣ табдил додааст. Ҳол он ки маҳз тавассути ҳамин лӯла маҳалла ва манзилҳои зисти сокинон бо об таъмин бояд бошанд. Раҷабалӣ Аҳмад, сокини маҳалла, мегӯяд, ки чанд моҳ боз оби ошомиданӣ барояшон дастрас нест. Сабаби асосӣ фаъолияти баъзе аз ширкатҳои сохтмонӣ мебошад, ки онҳо ҳангоми ба ҷои хонаҳои куҳна бунёд намудани биноҳои нав ба хатти обу корез, ҳамчунин, хатти неруи барқ осеб мерасонанд, ки дар натиҷа чунин мушкилӣ эҷод мешавад. Дар ҳоле ки ширкатҳои сохтмонӣ дар раванди сохтмон набояд ба аҳолӣ таъсири манфӣ гузоранд, баръакс бояд тамоми эҳтиёҷоти онҳоро бо анҷом додани хизматрасонии босифат бароварда созанд. Ба гуфтаи номбурда, ҳоло то давраи ба ҷои хонаҳои онҳо бунёд намудани биноҳои баландошёна сокинон бояд бо оби ошомиданӣ таъмин бошанд.
Чун ба боғ наздик омадем, нахуст, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”-и ноҳияи Фирдавсӣ кӯшиши таъмир кардани лӯла ва ё қатъ намудани оби ҷоришуда аз он ба назар расид. Онҳо гуфтанд, ки таъмири хатти оби ошомиданӣ дар боғ ба КВД “Обу корез”тааллуқ дорад, на вазифаи мост.
Дар таъмири хатти оби ошомиданӣ КВД“Обу корез”-и Душанбе бояд масъулияти бештар эҳсос намояд.
СОКИНОН БЕТАРАФ НЕСТАНД
Тавре огоҳӣ ёфтем, дар маҳаллаи Яккачинор сокинони маҳалла, аз ҷумла Раҷабалӣ Аҳмад, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм гузоштаанд. Сокинони ватандӯсти ин маҳалла роҳи атрофи боғро низ асфалтпӯш карда буданд. Имрӯз низ баҳри ободии маҳали зисти худ пайваста талош меварзанд. Боздиди мо аз ин макон (3-юми сентябр) дар асоси ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” муроҷиат кардани сокини маҳалла Раҷабалӣ Аҳмад сурат гирифт, ки далели ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва бетараф набудани сокинон барои ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва боз ҳам шукуфон гардондани як гӯшаи диёри азизамон мебошад. Таҷрибаи сокинони маҳаллаи Яккачинор нишон медиҳад, ки масъулиятшиносии шаҳрвандон ва таваҷҷуҳи мақомоти марбута бояд ҳамқадам бошад. Агар ширкатҳои сохтмонӣ, идораҳои хизматрасонӣ ва сокинон дар якҷоягӣ амал кунанд, ҳам мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳал мегардад ва ҳам боғу гулгаштҳо ободу зебо нигоҳ дошта мешаванд.
Ё шумо фикри дигар доред?
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”