Баргашт Чоп кардан

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ТОҶИКИСТОН МАВҚЕИ ХУДРО ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ ТАҚВИЯТ БАХШИД


Солҳои охир сиёсати хориҷии Тоҷикистон бештар ба густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои ҳамсоя, кишварҳои дурдаст ва созмонҳои байналмилалӣ нигаронда шудааст. Дар давоми як сол, аниқтараш аз моҳи сентябри соли 2024 инҷониб, низ ин раванд босуръат ҷараён гирифта, кишвари мо тавонист мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшад.
Махсусан, ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вусъат ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ИДМ ва дигар сохторҳои минтақавӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити наздикро нигоҳ дошт. Дар соли 2024 ва нимаи аввали соли 2025 мулоқотҳои сершумори сарварони давлатҳо баргузор шуданд, ки, асосан, ба масъалаҳои обу энергетика, амнияти марзӣ ва рушди тиҷорат равона гардиданд. Масалан, дар соли 2024 миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба имзо расид.
Тоҷикистон ҳамкориҳошяро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз шарикони муҳими стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, тақвият бахшид. Дар ин давра як чанд лоиҳаҳои нав дар соҳаи инфрасохтор, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, оғоз гардиданд. Ҳамчунин, кишвари мо дар давраи солҳои 2024-2025 муносибатҳояшро бо Иттиҳоди Аврупо ва ИМА низ таҳким бахшида, барномаҳои нав оид ба рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ роҳандозӣ шуданд. Дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон барои маблағгузории лоиҳаҳои «энергияи сабз» гуфтушунид анҷом доданд. Ҳамчунин, Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор низ ҳамкориҳои фаъол дорад. Дар ин марҳала баргузории бомуваффақонаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки имкони тасмимгириҳои муҳимро барои ҳамкориву ҳамёрӣ фароҳам оварда, бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст шуд, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи глобалии об бори дигар собит кард. Ҳамчунин, баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба обу пиряхҳо ба ҳам овард, аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон мебошад, ки дар нимаи аввали соли 2025 сурат гирифтанд.
Соли 2024 дар доираи платформаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он” дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон дар Кувайт Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм баргузор гардид, ки Роҳбари давлати мо ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, солҳои 2024-2025 барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон давраи фаъолияти густурда ва ташаббусҳои байналмилалӣ буд. Кишвар тавонист мавқеи худро ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намояд. Ин ва дигар муваффақиятҳо бозгӯи як соли бобарори аз истиқлол то истқлол буда, заминаи роҳнамоию ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути усули “дарҳои кушода” мебошад, ки меҳвари сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшид.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»