Баргашт Чоп кардан

СУҒД. РУШДИ САНОАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА


Тибқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои қабулгардида, дар вилояти Суғд то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 705 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, то имрӯз 88 дарсади нақша иҷро гардидааст. Ҳамзамон, боз 36 корхона то охири сол ба истифода дода мешавад.
Ин иқдом на танҳо шумораи корхонаҳоро зиёд намуд, балки барои ҳазорҳо шаҳрванд ҷойи нави кор фароҳам овард. Аз тарафи дигар, бо зиёд шудани истеҳсолот, имконияти содирот низ афзоиш ёфт, ки аз ин иқтисодиёти кишвар устувор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят Истаравшан солҳои охир ба яке аз минтақаҳои муҳими саноатӣ табдил меёбад. Агар 4 сол қабл дар шаҳр ҳамагӣ 47 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, имрӯз ин рақам ба 107 расидааст. Нишондиҳандаи мазкур шаҳодат аз он аст, ки ташаббусҳои соҳибкорон дар амал натиҷаҳои чашмрас ба бор меоваранд. Танҳо дар як соли охир бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан 4 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Яке аз намунаҳои ибратбахши саноати ватанӣ фаъолияти ҶДММ «Адл» дар шаҳри Истаравшан мебошад. Ин корхона дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷойгоҳи худро дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ пайдо кунад. Имрӯз дар коргоҳҳои ин ҷамъият 35 намуди молу маҳсулот барои кӯдакон истеҳсол мешавад. Ҳамзамон, барои калонсолон истеҳсоли дучарха ба роҳ монда шудааст.
Нозим Атҳамов, корманди ҶДММ «Адл», дар суҳбат гуфт:
– 17-уми ноябри соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Бо таъсиси коргоҳи нав 20 ҷойи кор фароҳам омад ва шумораи кормандон ба 124 нафар расид. Маҳсулоти мо имрӯз ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар Ӯзбекистону Қазоқистон харидорони худро дорад.
Яке аз дастовардҳои назарраси солҳои охир бунёди корхонаи «Сино медикал» аст, ки моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Самти фаъолияти ин корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ мебошад. Хатҳои технологӣ ва таҷҳизоти он аз ҷониби ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ таъмин гардида, иқтидори солонаи истеҳсолот 60 миллион сӯзандору ва 1 миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад. Ин иқтидор на танҳо барои таъмини муассисаҳои тандурустии кишвар басанда аст, балки имконияти содиротро низ фароҳам меорад.
Юсуф Қӯзиев, директори иҷроияи ҶДММ «Сино медикал», чунин иброз намуд:
– Маҳсулоти истеҳсолии мо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дорои сертификати ISO 9001 мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир бошем.
Фаъолияти ҶДММ «Истаравшан энерго» низ яке аз самтҳои муҳими рушди саноати маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин корхона истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонӣ, қуттиҳои барқӣ ва таъмири трансформаторҳо ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи Баҳодур Зокиров, директори ҶДММ «Истаравшан энерго», соли равон ба коргоҳ таҷҳизоти нав ворид гардид, ки тавассути он бетони баландсифат истеҳсол мешавад. Ин иқдом барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти зарурӣ мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 21,3 миллиард сомонӣ баробар гардид. Айни замон дар корхонаҳои саноатии вилоят 253 номгӯи молу маҳсулот истеҳсол мешавад.
Татбиқи сиёсати давлат дар самти саноатикунонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ имкон дод, ки вилояти Суғд ба маркази асосии истеҳсолоти саноатӣ табдил ёбад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”