![]()
Бинои нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зист
17-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои маъмурӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудаанд. Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ, ки дар ошёнаи якуми ин бинои тозабунёд ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора мешавад, шинос шуда, бо як гурӯҳ мутахассисони соҳа суҳбати самимию созанда карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони ҷавон даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Дар Маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд.
Дар бинои маъмурӣ 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонии Кумита, ду толори конфронсӣ, таҳхона барои нақлиёти хизматӣ ва 100 панели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд мебошанд. Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили сангҳои серанит, гранит, мармар ва кошинҳои сафолӣ истифода шудаанд. Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва паймонкори асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мақсад” мебошад. Сохтмони бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардид. Гирду атрофи бино чароғон буда, дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонда шудаанд. Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи ҳифзи муҳити зист туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи муҳити зист дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарону масъулони Кумита даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист дар кишвар равона созанд.
Дар навбати худ кормандони соҳаи муҳити зисти кишвар барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу қадрдонии амиқи хешро иброз доштанд.
Биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
17-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки сохтмони биноҳои зист бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгари он Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Иншоот аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст. Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10904 метри мураббаъ мебошад.
Дар иншоот 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардид ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони ҷавон бо оилаҳояшон аз имкониятҳои мавҷуда, ба таври самаранок истифода намоянд. Дар ошёнаи якуми бино боғчаи кӯдакон ҷойгир буда, дар он 4 толори бозии зеҳнӣ, 4 синфхонаи машғулияти таълимӣ, 4 ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҷойи шустушӯ мавҷуд мебошанд. Хонаҳои хизматӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст гардидаанд. Майдони варзишӣ дар масоҳати 960 метри мураббаъ бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст. Дар назди биноҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ ба симои шаҳр ҳусни дигар зам мекунад.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5-ситорадор
16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5-ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт – кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино, дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5-ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.
Дар маҷмуъ, меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад.
Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонда шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Мувофиқи лоиҳа, масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонда шудааст.
Соҳибкорони ватанӣ аз 1-уми июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати «Интерконтинентал Ҳотелз Груп»-и Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонда буданд.
Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст. Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст.
Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол меафзояд.
Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷойи кори доимӣ ташкил гардид.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ, ҳамзамон, ба пойтахти кишвар зебоии нав зам шуд.
Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебоии дигар зам намуда, хосса шомгоҳон, ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд намудани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.