Баргашт Чоп кардан

Нурланбек Тургунбек уулу дар ҳузури Рустами Эмомалӣ


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун самти муҳими ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои ду кишвар ҳавасмандии муштарак зоҳир гашт.


Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рақамисозӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ зоҳир гардид.


Оғози даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»
15-уми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар дод.
Ин даври Озмун то 18-уми сентябр бо иштироки 4852 довталаб идома мекунад.
Ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибон 9 220 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад.


Дар Хоруғ Маркази минтақавии идоракунии ҳолатҳои фавқулода бунёд мегардад
Дар доираи Лоиҳаи байналмилалии «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Маркази минтақавии идоракунии ҳолатҳои фавқулода бо анбори муосир бунёд мешавад. Марказ барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода дар минтақа нақши муҳим хоҳад дошт.


Маркази илмии Хуҷанд соҳиби ду озмоишгоҳ шуд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази илмии Хуҷанд ду озмоишгоҳи наву замонавии «Биотехнология ва биофизика» ва «Физика ва нанотехнология» ба истифода дода шуд.
Ба иттилои Академияи миллии илмҳо, озмоишгоҳҳо бо 20 номгӯй техникаю технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки минбаъд барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон хизмат менамоянд.


Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бунёд шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи Обшорон таъсис ёфт.
Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти хайриявии «Тоҷикистон» амалӣ гардида, дар марҳалаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта ва ба ятимону ашхоси бепадар ва ё бемодар тақдим гардид. Ҳамчунин, дар деҳаи нав муассисаи таълимӣ барои 134 хонанда ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.


Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон
Дар шаҳри Бохтар Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ гардид.
Марказ ҳамчун пули ҳамкорӣ байни давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеа барои фароҳам овардани фазои муосир бобати рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон, пешбурди инноватсия ва зеҳни сунъӣ хизмат менамояд.