Баргашт Чоп кардан

ҲИММАТИ ЯК СОҲИБКОР


Савриддин Шарифов, соҳибкор аз деҳаи обшорони Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Файзобод, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми некеро амалӣ кард.
Дар деҳа чойхонаи миллиро барои истироҳати бофароғати калонсолон сохта, мавриди истифода қарор дод. Бузургсолон ба чойхона омада, чой менӯшанду барои дилхушӣ ба бозиҳои шашкаю шоҳмот машғул мешаванд, ҳамчунин, рӯзномаю маҷалла хонда, аз навигариҳои кишвар огаҳӣ меёбанд.
Савриддин Шарифов, инчунин, барои таъмини сокинони деҳа бо оби ошомиданӣ аз масофаи ду километр об оварда, дуои неки сокинонро гирифт ва дар МТМУ №33 барои чил хонанда ду синфхонаи иловагӣ бунёд карда, ба истифода дод. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳа корхонаи дӯзандагӣ бунёд намояд, то бонувони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад.
Ҳокими САФАР, Аълочии матбуоти Тоҷикистон