Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” асари илмии “Очеркҳо оид ба таърихи Суғд”-ро бо забони тоҷикӣ ба табъ расонд.
Рисолаи муҳаққиқи маъруфи шуравӣ, таърихнигор ва шарқшинос Олга Ивановна Смирнова, ки бори аввал соли 1970 бо забони русӣ ба нашр расида буд, акнун дар тарҷумаи тоҷикӣ дастраси муҳаққиқон ва хонандагон гардид.
Ин китоб зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Н. Убайдуллоев ва муҳарририи А. Худоёдодов ва Б. Раҳматов дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуд. Асарро Лайло Рубаншаҳ тарҷума кардааст.
Китоб яке аз асарҳои муҳим дар самти омӯзиши таърихи Суғд - давлатдории асримиёнагии Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, бо такя ба сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла маъхазҳои чинӣ, форсии миёна, арабӣ, инчунин, маълумоти бостоншиносӣ ва нумизматика, масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Суғдро ҳамаҷониба таҳлил менамояд.
Дар китоб дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Суғд дар давраи пеш аз истилои Осиёи Миёна аз ҷониби арабҳо нишон дода шудааст.
Асар аз сарсухан ва се боб иборат мебошад. Боби аввал сохтори иҷтимоии Суғд ва роҳҳои идоракунии ҳокимиятро баррасӣ мекунад. Иқтисодиёти Суғд, аз ҷумла бозорҳо, молҳои тиҷоратӣ, муомилаи пул ва муносибат бо минтақаҳои дигар дар боби дуюми рисола таҳлил шудаанд. Боби севум таҳлили сиёсати хориҷӣ, таъсири арабҳо дар минтақа ва шарҳи аҳдномаи таърихии Самарқанд аз соли 712-ро фаро мегирад.
Тарҷумаи китоб ба забони тоҷикӣ барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли ҳаводорони таърихи миллии тоҷикон имконият фароҳам меорад, ки бо натиҷаҳои як пажӯҳиши амиқи илмӣ шиносоии амиқ пайдо кунанд. Китоб ба ғанӣ гардондани мероси таърихии миллӣ ва таҳкими худшиносии илмии насли имрӯз саҳми босазо мегузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
АЪЗОИ НАВИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН
Дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон панҷ нафар аҳли адаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Дар як маҳфил, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид, ба адибони тоҷик Чоршанбеи Деҳнавӣ, Ҷаъфар Муҳаммад, Саодат Сангинова, Солеҳи Муҳаммадҷон ва Илҳом Эшонзодаи Насафӣ билетҳои узвият супурда шуданд.
Дар ин маросим, ҳамчунин, овозхони маъруф Раҳимҷон Шодмонов ва ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи вилояти Фарғона Мадёрбек Иброҳимов бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
- Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек беш аз пеш рушду ривоҷ меёбанд. Ду кишвари ҳамсоя дар самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳои худро тавсеа мебахшанд. Ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудани панҷ адиб ва бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сазовор гаштани ду тан аз аҳли ҳунарро мисоли равшани тавсеаи ин ҳамкориҳо метавон арзёбӣ намуд, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Раиси шурои адабиёти тоҷики Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хусрави Саъдулло зимни суҳбат гуфт:
- Аз пазируфта шудани боз панҷ нафар адиби кишварам ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хушҳолу сарфарозам ва онҳоро самимона табрику шодбош мегӯям. Дар ҳақиқат, чунин қадршиносӣ онҳоро хеле руҳбаланд менамояд ва бо илҳоми тоза бештар ба эҷод машғул мешаванд.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент