Баргашт Чоп кардан

ФФТ


Футбол дар Бадахшон рушд меёбад
Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноиби президент Искандар Ҷалилов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Абдулло Соқиев ва роҳбари Лигаи футзали кишвар Бахтовар Меликов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.
Ҳайати ФФТ бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вохӯрда, тадбирҳои амалинамоии дастуру супоришҳои президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, ки 3-юми феврали соли равон дода шуда буданд, баррасӣ намуданд.
Ба рушди футболи наврасон, такмили ихтисоси мураббиён ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби кӯдакон ба варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Баъдан, раиси ВМКБ ва гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияи Шуғнон боздид карданд, ки оянда дар ин ҷо бунёди Академияи футболи кӯдакону наврасон бунёд хоҳад шуд. Ҳайат, инчунин, бо вазъи имрӯзаи инфрасохтори варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футзал дар Хоруғ, ҷашнвораи футбол барои кӯдакон ва дигар чорабиниҳо ширкат кард.
Дар доираи Барномаи байналмилалии футбол барои мактабҳои ФИФА барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ВМКБ семинари омӯзишӣ доир гардид.

ФУТЗАЛ
Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар Душанбе доир мегардад
Аз 20 то 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе марҳалаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20-уми сентябр), Камбоҷа (22-юми сентябр) ва Ҷопон (24-уми сентябр) бозӣ мекунад.
Сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ҷамъомади охирини омодагӣ 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдониро даъват кардааст, ки аксарашон иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон-2024 ҳастанд.
Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия доир хоҳад шуд, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.


ГӮШТӢ
Чемпионати ҷаҳон-2026 дар Баҳрайн баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳонии гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ соли 2026 дар шаҳри Манамаи Баҳрайн аз 5 то 13-уми сентябр баргузор мешавад.
Ин иқдом дар нишасти матбуотӣ дар Загреби Хорватия, ки Чемпионати ҷаҳони имсоларо мизбонӣ дорад, гирифта шуд. Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштиҳо (UWW) Ненад Лалович ва котиби генералии Кумитаи олимпии Баҳрайн Фарис ал-Коҳеҷи созишнома имзо карданд.
"Мо мехоҳем, ки барои мизбонии Чемпионати ҷаҳон қораро мунтазам иваз кунем, – гуфт Лалович. – Давлате, ки метавонад Бозиҳои осиёии наврасонро ташкил кунад, дар чемпионатҳо ба ҳеҷ мушкиле рӯ ба рӯ нахоҳад шуд".
Моҳи октябри имсол дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Бозиҳои осиёии наврасон баргузор мешавад.
Дар Чемпионати ҷаҳонии имсола дар Загреб ҷумҳурии моро се варзишгар – Айаал Белолюбский (57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) ва Магомед Евлоев (79 кг) дар гӯштии тарзи озод намояндагӣ карда, дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”