Шаҳри Хуҷанд дар самти истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ яке аз намунаҳои ибратбахши ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ», ки аз соли 2018 амалӣ мешавад, беш аз 78 ҳазор муштарӣ, аз ҷумла наздик ба 73 ҳазор хонавода, бо ҳисобкунакҳои муосири электронӣ таъмин гардиданд.
Ин ҳисобкунакҳо берун аз манзил насб шуда, бо маркази ягонаи биллингии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» пайваст мебошанд, ки дар натиҷа раванди шаффофияти ҳисобу пардохт таъмин гашта, фаъолияти низоми куҳнаи ҷамъоварии дастии маблағ аз байн рафтааст.
Тибқи иттилои Илҳомҷон Сангинов, муовини роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истифодаи неруи барқ аз ҷониби муштариён зиёда аз 541 миллион киловатт-соатро ташкил дод, ки ба маблағи 238,6 миллион сомонӣ баробар аст. Қобили зикр аст, ки аҳолӣ ҳаққи неруи барқи истифодашударо 100 фоиз пардохт кардааст. Ин нишондоди муҳим аз болоравии маърифати пардохт ва эътимоди муштариён ба низоми нав шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи Мирзорабӣ Ҳошимов, муовини дигари роҳбари филиал, талафоти техникии неруи барқ дар Хуҷанд 7 фоизро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки меъёри қабулшавандаи ҷумҳуриявӣ то 10 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда шаҳодати самаранокии идоракунии шабакаҳо ва татбиқи босамари лоиҳа аст.
НАҚШАҲОИ ОЯНДА ВА МУШКИЛОТИ МАВҶУДА
Бо фаро расидани фасли сармо талабот ба неруи барқ боло меравад. Бо назардошти ин, филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд барномаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро таҳия кардааст, ки аз 17 банд иборат мебошад. То оғози моҳи август зиёда аз 75 фоизи корҳои пешбинишуда иҷро гардиданд. Бо вуҷуди ин, ҳолати сербории баъзе зеристгоҳҳои барқӣ чун мушкили асосӣ боқӣ мондааст. Аз ҷумла, зеристгоҳҳои «Нурофар», «Заррин», «Абуалӣ ибни Сино», «Ваҳдат» ва «Темурмалик» бинобар зиёд шудани шумораи муштариёни саноативу маишӣ бо фишори изофӣ рӯ ба рӯ гаштаанд. Барои рафъи ин мушкил, сохтмони зеристгоҳи нави «Пуличуқур» бо иқтидори 110/10 кВ ва насби ду трансформатори 2500 кВА дар назар аст. Дар ин самт қарори раиси шаҳри Хуҷанд оид ба ҷудо намудани қитъаи замин қабул гардида, лоиҳаи хароҷотӣ низ омода шудааст, – мегӯянд масъулин.
Таҷрибаи шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки бо ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии неруи барқ ва, ҳамзамон, бо ислоҳоти ҳуқуқӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”