Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври ноҳиявӣ, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2025” баргузор гардид.
Ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, тибқи тартиб довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир ва таҷрибаи корашонро муаррифӣ намуданд. Барои дар сатҳи баланд доир кардан ва таъмини шаффофияти Озмун бо иштироки ҳайати ҳакамон ҷиҳати муайян намудани донишҳои назариявии довталабон саволҳои якхела ва муаммоҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳамин тариқ, Ҳусейн Ализода – омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайём сазовори ҷойи якум шуд. Муродалӣ Сайёдзода – омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм, Гулчеҳра Ғиёсова – омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №74, ҷойи сеюм ва Зарина Азизова – омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷойи чорумро мушарраф гардиданд.
Ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2025” дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”