БОҒИ “ЯККАЧИНОР”. ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ МАСЪУЛИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БО РӮЗНОМА САМАР ДОД
Аз ҷумла, дар робита ба мақолаи хабарнигор Оҳистамоҳ Вафобек, ки зери унвони “Боғи “Яккачинор”. Аз масъулиятшиносии шаҳрвандон то хунукназарии масъулон” дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (16.09.2025, №178) нашр шудааст, бетаваҷҷуҳ буда наметавонад.
Боиси қаноатмандии мост, ки хабарнигор ба фаъолияти муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеона назар карда, бо эҳтиром ба заҳмати кормандони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳия арҷ гузоштааст. Тавре маълум аст, дар шароити имрӯза, ки тағйирёбии иқлим пеш омада, пайомадҳои нохуше ҷомеаи ҷаҳониро интизор аст, ҳифзи муҳити зист зарурати зиёд пайдо кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои ҳархела, тоза нигоҳ доштани ҳаво, ташкили тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои муҳим меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо бунёду нигоҳдории гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳӣ ба шумор меравад. Ба ин масъала аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус муҳтарам раиси шаҳр, аҳамияти бештар дода мешавад. Дар робита ба ин масъала, дар чаҳор ноҳияи пойтахт муассисаи нигоҳдории гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ таъсис ёфт.
Он чи ки боиси нигаронии хабарнигор гаштааст, мушкилоти таъмини оби нӯшоӣ ба сокинони ноҳия ва аз сабаби кафидани лӯлаҳо ба вуҷуд омадани ҳавзи сунъӣ аст. Ёдовар мешавем, ки дар сурати бунёди биноҳои нав ва ободкорӣ дучор шудан ба чунин ҳолатҳо табиист. Аммо бояд ба назар гирифт, ки муҳим ислоҳшаванда будани вазъияти феълӣ ва аз пайи ҳалли мушкилиҳо будани масъулини кор аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои ҳалли ҳар мушкиле, ки дар ҳудуди он ҷой дорад, ҳамеша бо ниҳодҳои дахлдор дар робита ва ҳамкорист. Мушкили номбурдаи хабарнигори “Ҷумҳурият” ҳам, албатта, муваққатӣ ва ислоҳшаванда аст.
Умедворем, ки омилҳои асосии ба вуҷуд омадани мушкилиҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ хуб дарк шуда, робита бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таври ҳамеша солиму устувор боқӣ мемонад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроия барои ҳамкории Шумо (ҷомеаи шаҳрвандӣ) вобаста ба баёни андешаи мусоидаткунанда ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта изҳори миннатдорӣ менамояд.
Ҳамзамон, Мақомоти иҷроия аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ки дар сурати ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ гардидан тариқи телефони боварии 233-86-63 ва 28-00 ё сомонаи расмии Мақомоти иҷроия www.firdavasi.tj муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои пешниҳодгардида ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Шодиҷон САФАРЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ
PS. Пас аз як рӯзи чопи матлаб (17-уми сентябр) аз тарафи намояндаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» гурӯҳи корӣ ташкил шуда, камбудиҳои болозикр бартараф гардиданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт масъулони ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо ВАО намунаи ибрат нишон доданд.