Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ВАҲДАТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МТМУ №113


17-уми сентябр дар деҳаи Обидараи Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113 мавриди истифода қарор гирифт.
Муассиса то моҳи августи соли равон ҳамчун муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекард. Бинобар сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар Муассиса мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ба миён омад.
Дар робита ба ин, тибқи қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 13-уми августи соли 2025, №1211 Муассиса аз таҳсилоти ибтидоӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд, ки барои фарогирии пурраи хонандагони деҳа мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар пайравӣ аз ташаббус ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо саҳмгузории соҳибкорон ва кумитаи падару модарон ин бинои дуошёнаи барҳавои мутобиқ ба замони муосир сохта шуд, ки аз 7 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат буда, 350 хонандаро дар ду баст ба таҳсил фаро мегирад.
Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат зимни ба истифода додани Муассиса зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф таъкид намуданд, ки пешравии ҳар давлат ба соҳаи маорифи он вобастагии зич дорад. Маҳз талош ва ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мунтазам мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки нишон аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф мебошад.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”