Баргашт Чоп кардан

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Беларус


17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва Павел Утюпин баргузор шуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ҷонибҳо перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин, рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.


Вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар НБО «Роғун»
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти бузурги энергетикии кишвар – Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои Неругоҳ шинос шуданд.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо хонум Ҷузеппина Принчи зикр кард, ки сохтмони НБО «Роғун» дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, метавонад дар рушди иқтисоди кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.


Мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистону Ӯзбекистон
18-уми сентябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот кард.
Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои ҳамоҳангсозии содироту воридоти неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, инчунин, имкониятҳои таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давраро баррасӣ намуданд.


Хоруғ: ҳамоиши сиёсии ТҶҶ “Созандагони Ватан”
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев ҳамоиши сиёсии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Раиси Ташкилот Оятулло Аҳмадзода оид ба арзиши истиқлол, нақши ҷавонон дар давлатсозӣ ва рисолати ҳар як ҷавон дар пешрафти ҷомеа сухан гуфта, ҳозиронро ба иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ даъват намуд.


Истаравшан ва Қазвин бародаршаҳр шуданд
Тибқи иттилои хабаргузории эронии “Меҳр”, ин тасмим бо ҳадафи тавсеаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ миёни ду шаҳр гирифта шудааст.
Истаравшан яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, пешинаи беш аз 2500-сола дорад. Он ҳамчун маркази ҳунарҳои мардумӣ, бахусус кордсозӣ, дар минтақа шуҳрати зиёд дорад.
Қазвин низ дар Эрон бо таърихи бошукӯҳаш шинохта шудааст. Он дар давраи Сафавиён пойтахти Эрон буд ва бо меъмории зебо, бозорҳои таърихӣ ва масҷидҳояш машҳур аст. Қазвин аз марказҳои илму адаб ва ҳунарҳои дастии Эрон ба шумор меравад.


Нахустин консерти Оркестри симфонии Тоҷикистон дар Вена
17-уми сентябр дар толори консертии “Эрбар Зал”-и шаҳри Вена (Австрия), бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо оркестри "Кайзер-Валс"-и Вена баргузор шуд.
Дар барномаи консертӣ намояндагони ҳайати дипломатии муқими Вена, доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ ва тоҷикистониёни муқими Вена ширкат варзиданд.