Баргашт Чоп кардан

ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН НАМУНА БАРОИ БАШАР


Дар маънои илмӣ-фалсафӣ, истиқлол танҳо ба як амали ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Он ҳамчун интихоби огоҳонаи тамаддунӣ, низоми арзишҳои миллӣ ва воситаи ташкили ҳастии устувори иҷтимоӣ зуҳур мекунад. Барои давлат истиқлол имконияти ташаккули институтҳои муосири сиёсӣ ва ҳуқуқиро фароҳам меорад, барои ҷомеа заминаи рушди иҷтимоию иқтисодиро муҳайё месозад, барои ҳар шаҳрванд бошад, фазои худшиносӣ, эҳё ва рушди истеъдод, таҳкими худогоҳии миллӣ ва масъулият дар назди Ватанро таъмин менамояд.
Дар ҳамин замина, истиқлол на танҳо пояи давлатдорӣ, балки меҳвари ҳамгироии ҷомеа мегардад, ки дар он ормонҳои умумимиллӣ бо манфиатҳои ҳаётии шаҳрвандон ҳамсон мешаванд. Дар Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлол мазмуну муҳтавои воқеӣ гирифта, ба омили ваҳдат, сулҳ ва рушду созандагии ҷомеа табдил ёфт.
Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ танҳо як амали ҳуқуқӣ набуд, ки ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшад, он заминаи идеологӣ барои ҳамгироии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули низоми комили давлатдориро фароҳам овард. Дар ин раванд таҷрибаи нодири модели оштии миллии тоҷикон таҷассум ёфт, ки дар он сулҳпарварӣ ва давлатсозӣ ба як самти стратегӣ табдил гардиданд. Аз ин рӯ, сулҳи соли 1997 бадастомада бояд ҳамчун марҳалае арзёбӣ гардад, ки истиқлолро ба унсури воқеии устувории сиёсӣ ва пешрафти иҷтимоӣ табдил дод ва заминаи муҳим барои ислоҳоти конститутсионӣ ва модернизатсияи идоракунии давлатӣ гардид.
Дар Конститутсияи кишвар принсипи тақсими ҳокимият, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин пояҳои институтсионалии низоми намояндагӣ, аз ҷумла парламентаризм, мустаҳкам гардиданд. Ин меъёрҳо на танҳо суботи сиёсиро тақвият бахшиданд, балки барои рушди пайгиронаи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор гузоштанд. Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994 танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ набуда, балки ҳамчун самти стратегии рушди давлат баромад кард, ки ҳамоҳангии идеяи миллии истиқлолро бо меъёрҳои умумибашарии демократия ва ҳуқуқ таъмин намуд. Маҳз ҳамин санад марҳалаеро нишонгузорӣ кард, ки тавассути он раванди оштии миллӣ ба модели устувори давлатсозии муосир ворид гардид.
Ислоҳоти институтсионалии охири солҳои 1990 ва ибтидои солҳои 2000 яке аз марҳалаҳои муҳими таҳкими истиқлоли давлатӣ ва модернизатсияи давлатдории тоҷикон гардид. Бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуи тадбирҳо амалӣ карда шуданд, ки ба суботи низоми сиёсӣ ва болоравии самаранокии идоракунии давлатӣ равона шуда буданд. Самти калидӣ таҳкими институти президентӣ буд, ки марказонидани раванди қабули қарорҳоро таъмин намуда, имкон дод, ки давлат ба таври муваффақона ба чолишҳои давраи пас аз муноқишаҳо муқобила намояд.
Дар сатҳи байналмилалӣ истиқлоли сиёсӣ ба иқтидори дипломатӣ табдил ёфт. Дипломатияи тоҷик ҳамчун ҳомии манфиатҳои миллӣ дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ — СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳо таҷассум ёфт, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи обу иқлим, боиси болоравии нуфузи байналмилалӣ гардида, кишварро ҳамчун давлати дорои рисолатҳои вижаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Моҳияти истиқлол барои Тоҷикистон дар панҷ унсури калидӣ таҷассум меёбад: низоми конститутсионӣ ва волоияти қонун; амнияти миллӣ ва идоракунии хатарҳо; иқтисод ва сармояи инсонӣ; фарҳанги сиёсӣ ва парламентаризми миллӣ; забон ва худшиносии миллӣ, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ нопурра буда, танҳо дар маҷмуъ устувории давлат ва пойдории истиқлолро таъмин мекунанд. Дар ин миён парламент ҳамчун минбари ифодаи иродаи мардум нақши хосса бозида, арзишҳои ҷамъиятиро ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил медиҳад ва тавозуни ҳокимиятро таъмин месозад.
Дар ин раванд аҳамияти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад, ки истиқлоли давлатиро ба падидаи устувор, динамикӣ ва мавриди эътирофи байналмилалӣ табдил доданд. Хулосаҳои илмӣ аз таҷрибаи 34-солаи давлатдорӣ чунинанд: истиқлол аз сатҳи рамзӣ ба низоми комили арзишҳо, мафкура ва амал табдил ёфт, давлатсозӣ на танҳо барқарорсозии институтҳо, балки ташкили фарҳанги муосири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идорӣ гардид, ки қобилияти мутобиқшавӣ ба ҷаҳони глобалиро дорад, забон, маориф ва ҷавонон ба унсурҳои стратегии истиқлол табдил ёфтанд, ки бе онҳо устувории зеҳнӣ ва рақобатпазирии миллӣ ғайримумкин аст; парламентаризм аз қолаби сохтори расмӣ берун рафта, ба падидаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва зеҳнӣ мубаддал шуд.

Рухшона ВОСИФҶОНЗОДА,
директори Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши фанҳои алоҳида
дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д. Ушинский, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ