![]()
17-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузориҳои стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардид.
Форуми муҳими сатҳи баланд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар он зиёда аз 50 намоянда аз 22 кишвари ҷаҳон ширкат варзид.
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар маросими ифтитоҳи Форум иброз дошт: «Боиси ифтихор аст, ки пойтахти кишвари азизи мо мизбони Форуми ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ интихоб шуд ва барои дар сатҳи баланд доир гардидани Форум имрӯз шахсиятҳои арзанда, мутахассисони соҳибтаҷриба ва намояндагони доираҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъ омадаанд». Ҳоким Холиқзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки Форуми мазкур майдони созандаест барои муаррифии имкониятҳо, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак. Мо итминон дорем, ки натиҷаҳои ин Форум ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар миқёси ҷаҳонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо такони нав мебахшад.
Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни суханронӣ гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳимтарин гузаронда шуданд. Сохтмони даҳҳо меҳмонхонаҳои 3,4,5-ситорадор, истироҳатгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохтори сайёҳӣ дар солҳои охир натиҷаи иқдомҳои болозикр мебошанд.
Хонум Симона Кордич, вазири сайёҳии Черногория – раиси Комиссияи туризми СММ оид ба Аврупо, дар бораи вазъи имрӯзаи соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон сухан ронда, иброз дошт, ки Форуми имрӯза на танҳо намунаи классикии ҷалби сармоя, балки як фурсати муносиб барои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати нигаристан ба роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои рушди устувор ва муайян намудани чолишҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. Мо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои ҳавасмандгардонии рушди сайёҳӣ тавассути шарикӣ ва кушодани имкониятҳои бозор аҳамияти калон медиҳем. Итминон дорам, ки ин ҳамоиш ҳамчун минбари ғояҳои нав, мубоҳисаҳо ва шарикӣ хидмат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории нахустин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба рушди босуръати сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҳамчун бренди сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳукми анъана медарояд. Ин дар ҳолест, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои байналмилалии марбута дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»