Баргашт Чоп кардан

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 8 сентябри соли 2025, № 476, ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда

Мутобиқи моддаҳои 9, 12, 15, 19, 22, 25, 29, 291, 33, 37, 39, 43, 45, 53, 59, 62, 633, 6314, 6324, 6828, 67, 71, 75, 78 ва 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-23).

2. Пардохти хироҷҳо ва пардохтҳои тибқи қарори мазкур муқарраргардида тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН