Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ ПАЙКИ САОДАТОФАР


Истиқлоли давлатӣ чун рамзи озодию ягонагӣ барои мо – тоҷикистониён, тамоми имкониятҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда, чун Хуршеди дурахшон ба роҳи ояндаи мо нури тоза бахшид. Мо баҳри амалӣ намудани марому мақсадҳои наку неруи тоза гирифтем, дар ҳамаи ҷодаҳо муваффақ ва дар арсаи байналмилалӣ бо дастовард ва фарҳангу тамаддуни воло ҷойгоҳи худро сазовор гаштем.
Имрӯз халқи тоҷик шукрона аз сулҳу ваҳдату озодӣ мекунад, зеро маҳз соҳибистиқлолӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунофар муаррифӣ намуд. Сиёсати “дарҳои кушода” ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурд.
Аз баракати истиқлол соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул ёфт.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ғамхорӣ ба соҳаи маориф иброз доштанд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад... Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба истифода дода шуданд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия фаъолият менамояд. Шумораи хонандагон беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар аст.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ буд. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор расидааст. Дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавон дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм дорад, ки 13 ҳазор, яъне беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонист. Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гашта, дар ҷаҳони муосир мавқеи муайяни худро пайдо намудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд бо иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои истиқлоли давлатиро боз ҳам қавитар созем, баҳри пешрафти соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсил, муҳайёсозии шароити мусоиди таълим ва, аз ҳама муҳим, дар омода намудани кадрҳои соҳибтахассус саҳми арзишманди худро гузорем.

Раъно ҲОШИМЗОДА,
муовини ректор
оид ба корҳои илмӣ ва
робитаҳои байналмилалии ДБССТ