Баргашт Чоп кардан

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО


21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд.
Доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид-2.0, диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80, ташаббуси Дабири кул оид ба Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор татбиқ мегарданд. Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии васеъ ба ин Ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд.

ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ СОТСИАЛИСТИИ ВЕТНАМ

22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд.
Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд.
Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина, таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидориро зарур донистанд.
Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонда шаванд.
Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ПОРТУГАЛИЯ
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
“Мо раванди рушди робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи муколама ва тамосҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифода аз захираҳои фаровони табиӣ ва башарии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои “энергияи сабз”, маъданҳои нодир ва дар якҷоягӣ бо технологияҳои пешрафтаву сармояи Португалия метавонад ба нафъи ҳар ду кишвар хизмат намояд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои башарӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва табодули устодону донишҷӯён низ дорои имконоти фарох арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои вобаста ба обу иқлим ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳони пешгӯинашавандаи имрӯза сурат гирифт.