Баргашт Чоп кардан

АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН. ЭЪТИРОФИ «GALLUP» АЗ ТОҶИКИСТОН


Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси гузориши Пажӯҳишгоҳи афкори умум «Gallup»-и ИМА, аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, ҷойи аввал ва дар нишондоди “Гардиши шабона”, ки бехатарии шаҳрвандонро ҳангоми гаштугузори шабона баҳо медиҳад, ҷойи дуюмро гирифт.

Гузориши Пажӯҳишгоҳи «Gallup» ҳар сол нашр мешавад. Гузориши имсола ба мусоҳибаҳо бо 145170 нафари аз 15-сола боло дар 144 кишвар ва қаламрав асос ёфтааст.
Директори иҷроияи маҷаллаи «Gallup» Ҷон Клифтон дар сарсухани гузориш гуфтааст: “Натиҷаҳо ҳайратовар аст. Дар ҷаҳони мо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар низоъҳои мусаллаҳона сурат мегиранд. Аммо, “Gallup” дарёфт, ки бештари одамон аз ҳарвақта дида мегӯянд, ки худро дар ҷомеаҳои худ бехатар ҳис мекунанд. Соли 2024-ум 73% одамони калонсол дар саросари ҷаҳон ба “Gallup” гуфтаанд, ки ҳангоми танҳо сайругашт кардан дар шаб худро бехатар эҳсос мекунанд. Ин баландтарин нишондод аст, ки мо тақрибан ду даҳсола пеш ба пайгирӣ шуруъ кардем”.
Дар гузориш омадааст, ин радабандиҳо маҷмуи васеи омилҳоро инъикос мекунанд, аз ҷумла идоракунии мутамарказ, тартиботи қавии ҷамъиятӣ ва сармоягузории устувор ба бехатарии шаҳрҳо ва инфрасохтор. Сатҳи нисбатан баланди бехатарӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи дорои волоияти қонун ва сатҳи пасти хушунат маъмул аст. Дар ин муҳитҳо амнияти ҷамъиятӣ аксар вақт аз ҷониби сохторҳои расмии ҳуқуқӣ таъмин карда мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 2018 инҷониб миёни амнтарин кишварҳои ҷаҳон ҷой мегирад. Холи соли 2024 барои кишвар баландтарин аст. 97% сокинони кишвар гуфтаанд, ки худро бехатар ҳис мекунанд ва ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд. Дар ин нишондод Сингапур (95%), Косово (94%), Чин, Исландия, Ветнам (ҳар кадом 93%), Норвегия (92%), Австрия, Баҳрайн ва Уммон (ҳар кадом 91%) ба даҳгона шомил гаштанд.
Дар нишондоди гардиши шабона бошад, Тоҷикистон дар ҷойи дуюм мавқеъ гирифт. Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ 95% аҳолии кишвар ҳангоми танҳо сайругашт кардани шабона худро дар амнияти комил эҳсос менамоянд. Дар даҳгонаи ин нишондод Сингапур (98%), Чин (94%), Уммон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) ҷой гирифтанд.
Чунин эътироф далели равшани он аст, ки дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари хирадманд ва сулҳпарвар ва Тоҷикистон кишвари амну бехатар шинохта шудаанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”