Баргашт Чоп кардан

ҚАДРИ МО АЗ ҚАДРИ КӮҲИСТОНИ МОСТ

БАРОИ ГУЛНАЗАР
Меҳри дил мерезад аз паргори мо,
Нукта то бар нуктаи осори мо.
Оташистон аст раҳ то кӯи дил,
Мурғи оташ хоҳад оташзори мо.
Кори мо аз ори мо оғоз дид,
Нек анҷомад ба дунё кори мо.
Дорбозӣ чун бувад кори сухан,
Хома бошад чӯбдасти дори мо.
Бахти мо хандад пайи хуни ҷигар,
Хандаву доғ аст дар гулзори мо.
Ташнакоми чашмасори шодием,
Гарчи бошад беғамӣ озори мо.
Савти руҳафзост моро дар сухан,
Дилхушӣ орад дили бемори мо.
Ишқ ганҷи синаи моро кушод,
Бошад аз дил давлати бедори мо.
То фишонад зар ба гардунҳо фалак,
Зар фишонад дар Ватан ашъори мо.
По ниҳад шеди Аҷам бар фарқи кӯҳ,
Нури нав гирад маҳи афкори мо.
Корвони кӯҳсорон дар раҳ аст,
Мерасад то рӯзи фардо бори мо.

Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон