Девони Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар фарогири ғазал ва рубоиёти устод буда, ба шеваи суннатӣ тадвин шудааст. Матни 230 ғазали ин китоб бар мабнои баргузидае зери унвони «Сад барги ғазал», ки солҳо қабл аз сӯйи муаллиф мунтахаб, вале то кунун чоп нашуда буд ва маҷмуаҳои ашъори солҳои гуногун мунташиргардидаи суханвари маҳбуби мо таҳия гардидааст.
Рубоиҳои шомили Девон, ки шумораашон 1000-тост, асосан, аз китобҳои «Табхола» ва «Хуҷаста»-и шоир баргузида шудаанд. Умедворем, бо вуруд бар ин гулистони ғазал ва баҳористони рубоиёти Гулназар ҷаҳони маънавии хонандаи арҷманд аз атри мазомини нобу маъноҳои рангоранг муаттар мешавад. Ин навбаҳори ваҳдат ва ин ганҷинаи худшиносии миллӣ, оинаи Ватан ва оини ватандорӣ, яъне Девони Гулназар армуғони маънавист ба ифтихори 80-умин солгарди мавлуди мубораки шоир барои мухлисону муштоқони ашъори ӯ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии хеш бахшида ба 60-солагии шоир ба фаъолияти эҷодии Гулназар баҳои баланд дода, аз ҷумла хеле бамаврид таъкид доштаанд: «Ном ва осори Шумо барои ҳар фарди Тоҷикистон на танҳо ошност, балки азиз аст, зеро бештар аз 40 сол аст, ки ҳамнафаси онҳо ҳастед. Дар беҳтарин навиштаҳоятон меҳри Ватанро сутудаед, орзуву ормонҳои халқро иброз доштаед, хислатҳои неки инсонро васф кардаед, табиат ва манзараҳои нотакрори кишвари азизамонро тасвир намудаед. Истеъдод ва маҳорати адабӣ, шуҷоат ва матонати инсонии Шумо, хусусан дар солҳои барои халқу кишварамон душвор сайқал ёфта, аз имтиҳони ҷиддии мардум гузашт. Шумо дар шеърҳо, суханрониҳо ва фаъолияти ҷамъиятиву касбиатон ҳамеша аз мавқеи манфиатҳои ҷомеа ва давлат дифоъ карда, дар барқароршавӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзанда гузоштаед».
Агар ба тамоюлҳои эҷодии устод Гулназар таваҷҷуҳ намоем, дар адабиёти муосири тоҷик камтар шоиреро метавон пайдо кард, ки маҳорати ҳунарии хешро дар иншои тамоми навъҳои суннатӣ ва нави шеър, намунаҳои назму насри адабиёти атфол, нақди адабӣ, драматургия, филмноманависӣ, публитсистика ва рӯзноманигорӣ, тарҷумаи намунаҳои адабиёти ҷаҳон озмудааст. Дар тули умри пурбаракоти хеш бештар аз чиҳил китоб аз устод Гулназар ба чоп расида, ки шумори зиёде аз онҳоро маҷмуаи ашъори ӯ ба вуҷуд овардаанд.
Девони Гулназар, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ифтихори 80-солагии ин суханвари мумтоз нашр шуд, туҳфаи арзандае ба тамоми мухлисону муҳибон ва муштоқони шеъри шоир ба ифтихори ҷашни бузургдошташ метавонад бошад.
Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори
илмҳои филология, профессор