Солҳои охир Гулназар аз ҳама шоирони ҳамсолаш бештар ба кори эҷод рустамона камар басту асарҳо офарид. Дарди бехобӣ ва тунд задани дилу набз озораш медод. Вале чун даврони ҷавонӣ ӯ ба чашм айнаки дурбин намегузошт ва бо панҷаи дасти рост мудом қафаси синаву дил намемолиду аз нафастангӣ шиква намекард. Даврони рӯзгори пурташвиш, оғози солҳои навадуми асри XX, фасли зебои пойиз бомдод дар пайроҳаҳои фароғатгоҳи Хоҷа Оби Гарм қадам мезадем. Гулназар аз сари шохҳо бодоми талхак чида, ҳафт донаро бо санг шикаста, аз рӯйи тавсияи табиби халқӣ мағзи онро чун даво бо чини ҷабин хоида-хоида фурӯ мебурд. Пас аз ду ҳафта аҳволаш беҳ ва то Арчамазор мебаромадагӣ шуд. Акнун вай гоҳ-гоҳ бо каф паси сар молида, бехобиро бо кори пайваста ё мутолааву чойи талх нӯшидан сипарӣ мекард. Кори мағзу қаламаш басе ҳайратовар фаъол буд: менавишту нашр мекард. Ва аз чопи ҳар китобу шеър, мақолаву тарҷумаҳо, навиштани қиссаву ривоятҳо аз рӯйи осори адибони классик барои бачаҳо, интишори ҳикояҳо, эҷоди филмномаҳо, ба саҳна гузоштани либретто, пазириши матни сурудҳо мисли айёми навқаламӣ шодиву сарфарозӣ мекард. Ин хислат то дами вопасин ӯро ёр ва чоп шудани ҳар асари хурду бузург барояш ид буд. Боре Гулназар баъди нашри китоби ҳикояҳояш “Гули афшони олуча” аз банда бо табассуми роздор пурсид:
– Ҳикояҳоро хондӣ?
– Бале.
– Чӣ хеланд?
– Мисли шеъргунаҳои ман, – посух додам ва афзудам: – Нони моро нағзакак нимта кардаед... Дасташро фишурдам.
– Медонед, – хушҳолона гуфт ӯ, – дар як нишасту ҳолати сархушӣ фалон нависанда даъво кард, ки “ҳикоянависӣ мисли шеър осон нест, ки раҳ ба раҳ дар мағзат пазониву баъд рӯйи коғаз биёрӣ. Одамро маҷақ, дабдалла мекунад”. Лофзаниро аз ҳад гузаронд. Ба ӯ ваъда додам, ки “як китоб ҳикоя менависам”.
– Худситоияш ба зарари мо шудааст... – гуфтам бо ҳазл ва афзудам: – Дар майдони наср боз як ҳарифи ҷиддӣ пайдо шуд: нозукбину хушбаён...
Зимнан, ҳикояҳои Гулназарро ҷузъиёту қаҳрамонҳои нави дилнишин, ҳусни баёну тасвирҳои башираи шоирона оро медиҳанд, ки насри моро рангину дилпазир мекунанд.
Гулназар, аз рӯйи мушоҳидаҳои ман, беҳтарин асарҳои овозадори назму наср, танқиду адабиётшиносӣ ва таърихиро чун манбаи омӯзиш пайваста мутолаа мекард. Ин доираи донишу фаҳмиши ӯро ғанӣ гардонда, барои ибрози назар ба каму костиҳои осори бадеӣ, масалан, раванди шеъри муосир, наср ё эҷодиёти ҳамқаламон, муҳити адабӣ мадад мерасонд. Бегумон дар ин комёбӣ хазинаи таҷрибаи фаровони рӯзноманигорӣ, муҳаррирӣ, омӯзиши адабиёти классикӣ, назокатҳои забон, андӯхтани таҷрибаи рӯзгор, шинохти ҷаҳони ботини инсонҳо, дарки дарду армони ҳамзамонон созгор меафтод. Аслан, адиби соҳибистеъдоде, ки ҳамқаламони яккатозу номвари аз худ пешро пайгирӣ менамояд ё ҳадафи бо навҷӯиву тозаофарӣ аз онҳо фаротар рафтан дорад, чунин талошу заҳматаш бо мурури солҳо ӯро донишманду дақиқназар, мардумшиносу сиёсатмадор низ мекунад. Ҳамин падидаи нек дар фаъолияти адабии Гулназар басе равшан ба назар мерасад. Далели ин гуфтаҳо мақолаҳои зиёди баҳсангези ӯ перомуни шебу фарози назми муосир, вижагии осори устод Лоиқу Қутбӣ Киром дар китобҳои тадқиқотии ӯ “Лоиқе чун Лоиқе”, “Қутбии қутби сухан”, – бигузор боиси баҳс ҳам шуда бошанд. Ҳақиқат дар баҳс аён мегардад, – шуда метавонад. Ин китобҳо самари ковишу пажӯҳиш ва андешаву заҳмати бардавоми шоиранд. Аммо гулчини мақола ва суҳбатҳои Гулназар дар китоби “Растохези сухан” (Хуҷанд: “Нури маърифат" 2015) оид ба хидматҳои бузурги чеҳраи адабии устодони сухану ҳамқаламон, дастоварду саҳлангории эшон дар роҳи эҷод, воқеан арзишманданд. Гулназар мунсифона ба тозакориҳо дар эҷодиёти ҳар адиб баҳо медиҳад, аз куҷо сарчашма гирифтани сабку услуб, ҳатто образу ташбеҳҳои эшонро чун сирқот нарм ишора менамояд. “Ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт бояд муносибат кард”, - таъкиди ӯ ҷавонмардона буд, зеро ба қавли ӯ: “Танҳо Лоиқ тавонист, ки ҳамаи он бозёфту ҳамаи он тозакориҳоро, - вай ин сифатҳои фаъолияти адабиро аз осори устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноату Қутбӣ Киром дар назар дорад, - дар эҷодиёти худ фароҳам оварад ва ҷамъбаст кунад. Вай аз ҳама хубтару пурсамартар таҷрибаи адабиёти классикӣ, сурудаҳои мардумӣ, адабиёти ҳамзабонон ва ҷаҳониро истифода кард ва комёб шуд.” Оре, “шоири воқеӣ забони ғаму шодии мардум аст... Хурду калон аз ҳиҷои шоир (Лоиқ А.С.) ба шӯришу инқилоби ботинии худ ҳарфи таскин меёбанд, ба саволҳои бешумори рӯзгори худ ҷавоб пайдо мекунанд. Ҳамин ҷиҳати эҷодиёти ӯ эътиқоди хонандагонро ба шахси шоир афзудааст”.
Бешак, шеър дар эҷодиёти Гулназар ҷойгоҳи воло дорад. Доираи мавзуи ашъораш басе густарда буда, ковишу бозёфт дар онҳо фаровону пурҷилоанду ба инкишофи назмамон файзбахш. Дарунмоя, драматизм, ангезаи ботинии таконбахши андеша, ифтихори милливу ватандорӣ, васфи ҷавонӣ, ҷунуни ишқ, орзуву ҳавас, дарду алам, талхии нокомӣ, хиёнату бебарорӣ дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири хушбахтии қаҳрамони лирикӣ аз лаззати дидору бӯсу канор дар сурудаҳои Гулназар нисбат ба нозимоне, ки кӯшидаанд перояи офаридаҳояшон бештар бо қофияву радифбозӣ бирешимвор ҷилодору нарм бошад, ба маънои некаш дурушту қавист, аммо дилрабову хотирмон. Ин, бегумон, нишонаи масъулияти ҷиддии шоир дар назди хонанда ва адабиёти муқаддас мебошад. Ва ҳамин талошу ранҷҳои ҷонкоҳонаи бардавом шахсият ва осори Гулназарро ба дарахти пурсамари тановар табдил дода. Саволе пеш меояд, ки Гулназар то охири умр бо ковишу пажӯҳиши бадеӣ ба ҳадафи хеш расид ё не? Ба андешаи банда, басо зебову муваффақона расид. Яъне ба эҷодиёти доманадору рангин ва шахсияти адабии Гулназар имрӯзу фардо наметавон ба чашми кам нигарист. Ӯ дар радифи шоирони тавоно маскан дорад. Вай фидоӣ ва тараннумгари тавонои Тоҷикистони соҳибистиқлол буд:
Забони ман фақат як вожа дорад,
Ки бе номи Ватан ман безабонам.
Ин рубоӣ низ нидои дили Гулназар ба хонандаву аҳли назари имрӯзу фардост:
Ғофил магузар ту аз китоби дили ман,
Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.
Аз шоири шӯридаи хомӯш пур аст
Ин теппаи маҳзуни Лучоби дили ман.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон