ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон
БА РОҲБАРИ КИШВАРИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Шуморо муждагонӣ, Раҳбар омад,
Навиди зиндагонӣ Раҳбар омад.
Касе омад, ки бар зулмат зафар кард,
Ватанрову ману моро дигар кард.
Касе омад, ки аз Ваҳдат сухан гуфт,
Зи субҳи беғаши миллат сухан гуфт.
Касе омад, ки ӯ озодии мост,
Дар ӯ якпарчагӣ, ободии мост.
Бигуфто: "То шумоед аз Ватан дур,
Бувад осудагӣ аз ҷони ман дур".
Мунаввар шуд раҳи баргаштани мо,
Кушод оғӯши меҳраш Меҳани мо.
Бувад армони ӯ армони миллат,
Бувад паймони ӯ паймони миллат.
Барои мо чунин як раҳнамо ҳаст,
Муҳаббат ҳасту дил ҳасту вафо ҳаст!
ИН ВАТАН ҲАЙКАЛИ МО ХОҲАД БУД!
Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд,
Зиндатар аз дили мо хоҳад буд.
Ҳадди охир, ки ба номаш бирасем,
Боз ҳам аввали мо хоҳад буд.
Қуллаҳояш ба ҳама авҷи ғурур,
Руҳи Исмоили мо хоҳад буд.
Рӯдҳояш, ки зи Рӯдак ҷорист,
Ғазали маҳфили мо хоҳад буд.
Мушкиле нест, ки ҳар пора гилаш,
Буалии ҳали мо хоҳад буд.
Даҳр моро накунад овора,
Ёди ӯ манзили мо хоҳад буд.
То вафои дили мо махмалин аст,
Санги раҳ махмали мо хоҳад буд.
Барги афшони чанорони баланд
Бебаҳо медали мо хоҳад буд.
Руҳи моро назанад зулмати шаб,
Меҳри мо машъали мо хоҳад буд.
Дар сафои дили субҳе, ки дамад,
Бахти мо маътали мо хоҳад буд.