Баргашт Чоп кардан

САМБО


9 медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе
Дастаи мунтахаби самбои кишвар дар Ҷоми ҷаҳон, ки бори нахуст 20-21-уми сентябр дар Душанбе доир гашт, 9 медал ба даст овард.
Дар мусобиқа беш аз 170 варзишгари 12 кишвар иштирок намуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон беш аз 20 нафар дохил буд ва 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.
Холид Толибзода дар финали вазни 88 килограмми самбои размӣ ҳамдастааш Мустафо Алибековро мағлуб карда, медали тилло гирифт. Инчунин, Фаридун Одилов, ки дар финали вазни 98 кг-и самбои размӣ бар варзишгари дигари кишвар Ҷумъахони Ҳусайн дастболо шуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Мустафо ва Ҷумъахон медали нуқра гирифтанд. Дар самбои размӣ Исфандиёр Холов (79 кг) ва Саймуҳаммад Исматзода (+98 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар самбои варзишӣ бошад, Анӯшервон Назарзода (58 кг) сазовори медали нуқра, Комроншоҳ Устопириён (98 кг) ва Хуршед Маҷидзода (+98 кг) соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.


ТЕННИС
Ғолибони XV Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гаштанд
15-19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе XV Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа 60 варзишгар аз 13 давлати ҷаҳон ширкат ва дар рақобатҳои инфиродиву даставӣ дар ду синну сол барои ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарони то 14-сола Ҳамза ал-Мансурӣ аз Арабистони Саудӣ ва миёни духтарон Злата Низомиева аз Ӯзбекистон ғолиб шуданд. Дар рақобати ҷуфти писарон дар ин синну сол Бакай Асейнов (Қирғизистон) / Донг Сон Ким (Ӯзбекистон) ва ҷуфти духтарон Злата Низомиева (Ӯзбекистон) / София Пак (Қазоқистон) ҷойи аввалро гирифтанд.
Миёни наврасони то 16-сола бошад, Илима Гусейнова (Туркманистон) миёни духтарон, Атай Асейнова (Қирғизистон) миёни писарон, ҷуфти духтарон Илима Гусейнова (Туркманистон) / Влада Кузменко (Қирғизистон) ва ҷуфти писарон Нурислом Мусо (Қазоқистон) / Атай Асейнов (Қирғизистон) сазовори ҷойи аввал гаштанд.
Миёни варзишгарони мо Аниса Яҳёева миёни духтарони то 16-сола ҷойи сеюм ва Аниса Яҳёева/ Сайёра Раҳматуллоева дар ҷуфти духтарони то 16-сола ҷойи дуюмро мушарраф гаштанд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2005 доир шуда, соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.


ФУТЗАЛ
Пирӯзии Тоҷикистон бар Макао ва Камбоҷа
Бозиҳои марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Тими миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар ду даври аввал муқобили Макао (10:2) ва Камбоҷа (7:1) зафар ёфт. Бозии ҳалкунанда 24-уми сентябр муқобили Ҷопон доир мешавад. Ҷопон низ дар ду давр Камбоҷа (5:0) ва Макао (13:0)-ро мағлуб намуд.
Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, ғолибони 8 гурӯҳи марҳалаи интихобӣ ва 7 дастаи ҷойи дуюм, ки натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.


БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ ширкат мекунад
Тоҷикистонро дар III Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар Озарбойҷон баргузор мешавад, 142 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар бозиҳо, ҳамчунин, варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Кувайт, Покистон ва Уммон иштирок мекунанд. Мусобиқаҳо дар 12 иншооти варзишии ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ мегузаранд.
Дар маҷмуъ, теъдоди умумии ҳайатҳои вакилон дар Бозиҳо ҳудуди 3000 нафар хоҳад буд. Тибқи низомнома дар Бозиҳо варзишгарони то 23-сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Варзишгарон барои 246 маҷмуи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат мекунанд. Намояндагони кишвари мо дар 18 намуд: бадминтон, баскетбол, батут, бокс, волейбол, гимнастика, гӯштии озод, гӯштии юнонӣ-римӣ, камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо (WT), тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ҷудо иштирок хоҳанд кард.
22-юми сентябр раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати Тоҷикистон пеш аз сафар ба Озарбойҷон мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хост.
Дар мулоқот Мадина Қурбонзода – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё миёни бонувон, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳои сеюми ИДМ интихоб гардид.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”