Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 15 омӯзгори боистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» баргузор гардид. Довталабон дар ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва дигар иштирокдорон дар марҳалаҳои гуногун малакаи касбӣ, таҷриба ва эҷодкории худро пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо панҷ довталаби беҳтарин ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфт, ки инҳоянд: Ҷасурбек Маматқулов, омӯзгори фанни забони русӣ аз Гимназияи №6-уми ноҳияи Ашт, Хушрӯз Темиров, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ аз Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Бӯстон, Баҳруллохони Шукрулло, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз МТМУ №30-юми шаҳри Истаравшан, Нодира Шодиева, омӯзгори забони давлатӣ дар МДБТМУ Россия – Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Хуҷанд ва Гулсара Собирова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №1-уми шаҳри Конибодом. Аз байни онҳо Хушрӯз Темиров сазовори ҷойи якум дониста шуд.
– Ҳадаф аз баргузории Озмуни мазкур, ин муайянсозии омӯзгорони боистеъдод, тарғиби таҷрибаи беҳтарини педагогӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ташаккули захираи ягонаи кадрӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад. Ин омӯзгоронро даври ҷумҳуриявии озмун интизор буда, донишу малака ва истеъдоди баланди касбиро бояд ба намоиш гузоранд, – иброз дошт Ҷамшед Ҷӯразода.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
САХОВАТПЕША. АЗ ҶАВОНМАРДИҲОИ ҲОҶИХОЛ РОЗИҚОВ
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо соҳибкоронро ба корҳои созандагию ободонӣ ташвиқ мекунанд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба соҳибкорон аст, ки гӯшаҳои дурдасти кишвари азизамон рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Чунин як соҳибкори хайрандеш Ҳоҷихол Розиқов аз ноҳияи Файзобод мебошад. Бо ибтикор ва дастгирии ӯ дар деҳаи Орифони ноҳия бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона, чойхона сохта, ба истифода дода шуда, роҳи маҳаллӣ ба масофаи як километр мумфарш гардид.
Соҳибкор нақша дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Мискинобод коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намояд, ки 10 зан бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Ҳоҷихол Розиқов, дар баробари корҳои ободонӣ, ба оилаҳои камбизоат ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ кумаки моддиву молӣ мерасонад. Аз ҷумла, дар арафаи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаш оилаи камбизоати шаҳраки "30-солагии Истиқлол" ёрии моддӣ расонд.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод