Зери унвони «Зеби дастархон» чанде пеш дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир баргузор гардид, ки дӯстдорони ҳунарҳои миллиро ба ҳам овард.
Бояд гуфт, ки Озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои соли 2025 гузаронда шуд. Ҳадафи Озмун эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, инчунин, тарғибу ташвиқи маҳсулоти ватанӣ, устувор намудани мавқеи он дар бозори дохилӣ, тақвияти рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар ҳар гӯшаи боғ кадбонуҳои чирадаст аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастархон ороста, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардумиро, пешкаш гардонданд.
Тибқи хулосаи ҳакамон, дар номинатсияи «Нон ва маҳсулоти нонӣ» ҶДММ «Нонпаз»-и шаҳри Душанбе бо дипломи дараҷаи №1, маркази савдои «Пайкар»-и шаҳри Душанбе бо дипломи дараҷаи №2 ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо дипломи дараҷаи №3 қадр шуданд.
Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии муосир» дипломи дараҷаи №1 ба ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-и шаҳри Душанбе, дипломи дараҷаи №2 ба ҶСП «Ширин»-и шаҳри Душанбе ва дипломи дараҷаи №3 ба ҶДММ «Солиев С»-и вилояти Суғд супурда шуд.
Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни шириниҳои миллӣ ва ҳалвопазӣ» ҶДММ «МПК 555»-и шаҳри Душанбе, мркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Расули Валӣ»-и вилояти Хатлон соҳиби дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 гардиданд. Инчунин, дар номинатсияи «Ҳалвопазӣ ва шириниҳои миллӣ» ҶДММ «Насим»-и шаҳри Хоруғ, соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Душанбе А. Шарифов ва Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор бо дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 сарфароз шуданд.
Ҳамзамон, ҷамъиятҳои асил, шахсони ташаббускор, собиқадорони соҳа ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар Озмун иштироки фаъолона доштанд, бо ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав сарфароз гардиданд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”