Баргашт Чоп кардан

ПИРИ ХИРАД. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ИСЛОМБОЙ ҚУРБОНОВ


Дар назари аввал ин марди тақрибан ҳаштодсола бо қади баланд деҳқонзода метобад. Дастони калони корхӯрда, тоқии зебои чустӣ ба деҳқон буданаш ишора кунанд ҳам, аммо либоси тозаи гиребондор мегӯяд, ки замоне ё омӯзгор, ё марди фарҳангие будааст. Аслан, дар кори саҳро хастагиро намедонад. Бо вуҷуди чира шудани пирӣ боз ҳам дар кори замин дасту остин барзадааст. Аммо, вақте суҳбат бо ӯ оғоз меёбад, эҳсос мекунед, ки вай як марди ҷаҳондида асту шояд дирӯз ё парерӯз аз сафари кадом кишвари дуре расида. Ин фард бо донишҳои қавии ҷуғрофӣ собиқадори маориф ва омӯзгори ростин Исломбой Қурбонов аст.
Мо одатан мақолаҳои зиёдеро дар бораи омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, рассомиву мусиқӣ ё риёзиву варзиш хондаем, аммо қаҳрамони мо дар омӯзондани фанни ҷуғрофия беҳамтост. Дар бораи ҳама гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо ва кишварҳои дигари ҷаҳон ончунон паёмҳои тоза медонад, ки ҳатто бошандагони он кишвар, водӣ, шаҳр ё ноҳия гоҳе, инчунин, намедонанд.
Исломбой Қурбонов баъди ҳолпурсӣ зодгоҳи шуморо мепурсад. Баъди донистани диёратон, маҳал ба маҳал ва кӯча ба кӯчаи ҷойҳои гӯё бар шумо ошноро мепурсад ва табиист, ки шумо ҳамаи хурдурезаҳои замини хунинофрехтаи хешро намедонед ва каме сархам ҳам мешавед. Вале ӯ аз ин доноӣ фахрфурӯшӣ намекунад, балки ҳамсуҳбат ё меҳмони навошноро бо маълумоти тоза саршор менамояд.
Ғолибан ягон ҳарфу ҳиҷои вай бе далел нест, китоби хонда, рӯзномаи мутолаашуда ё сарчашмаи шунидаву донистаашро зикр мекунад. Ба он хотир, ки медонад, сухани бе манбаъ афсонаро мемонад.
Вақте бори нахуст ба деҳаи Басманда, ба ҳавлии омӯзгор Исломбой ворид шудем, рӯзномаи “Ҷумҳурият” мехонд. Ёд меорад, ки ҳатто нусхаҳои куҳнаи рӯзномаро бо номи “Тоҷикистони сурх” хондааст: “Падари мо посбони мактаби маҳалла буданд. Рӯзе дар хонаи посбонии падар ба шумораи рӯзномае чашмам афтод ва номи онро хондам: “Тоҷикистони сурх”. Аз он замон рӯзномаи шуморо медонам”.
Ҳамин тавр, дар бораи шахсиятҳои дар ин рӯзнома ба камолрасида, мақолаҳои зарбазани солҳои пешин, сарусадоҳои дар атрофи матлабҳо бархоста, сармуҳаррирон ва дигар вижагиҳои ҷаридаи мо гуфтан гирифт. Ангушти ҳайрат газидам. Гумон кардам, ки бо кадоме аз пажӯҳишгарони матбуот нишастаам. Аз он ки ман низ аз паёмҳои тозаву ношунида қаноатманд будам, худ низ шодмон гардида, кӯдаквор завқ бурд. Дар чашмони камнураш шарораи қаноат шуълавар шуд. “Албатта, шояд ман ҷо-ҷое хато мекунам, аммо дар маҷмуъ, ана ҳамин хел гапҳо...” – гуфта, тоқиро аз сар гирифт ва дасти маро фишурд. Ин аст оғози ошноиву рафоқати мо бо Исломбой Қурбонов .
Шогирдонаш то ҳол аз донишу зиракии омӯзгори хеш ёд мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, маҳз аз ҳастии муборакрақами ин омӯзгор ҷуғрофия барои онҳо мисли фанни асосии таҳсил ҷойгоҳ пайдо кардааст ва то ҳол аз вазъи замин ва кишварҳои мавҷудаи дунё чизе медонанд, аз замони шогирдии ӯ дар ёд доранд.
Аҷиб он аст, ки ӯ боре ҳам талоши унвонҳои соҳавӣ накардааст ва омӯзгориро ишқ медонад, ишқ ба китобу хомаву коғаз, ишқ ба фарзандони миллати хеш. Бо вуҷуди тарбияти шогирдони бешумор ва собиқаи кории зиёда аз 45-сола унвони Аълочии маориф ва илмро надоштааст. Чанде пеш дар партави таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми омӯзгор намояндагони маорифи вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич ба ӯ дар замони бознишастагӣ ин нишонро супурданд. Ӯ донист, ки ин ҳама ранҷҳои бисёрсола беҳуда набуда, дер ё зуд қадри зар пайдо хоҳад шуд.
Мо қариб 5 сол боз бо ин марди мунир риштаи дӯстӣ дорем. Нону намак хӯрдем. Дар ин муддат ҳеҷ дар ёд надорам, ки ӯро бидуни куртаи гиребондор ва тоқӣ дида бошам. Азбаски номи пуршарафи омӯзгорро дорад, дар замони бознишастагӣ ҳам, дар муҳити хонаводагӣ ҳам сарулибоси худро ҳамранги ин пешаи муқаддас нигоҳ медорад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”