Баргашт Чоп кардан

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ВА ТАҲАВВУЛОТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ГУМРУКӢ


Тайи чанд соли ахир аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамигардонии иқтисоди мамлакат чораҳои муассир меандешад. Айни ҳол рақамикунонӣ дар соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ ҷорӣ шуда, тибқи пешбиниҳо, дигар соҳаҳову бахшҳоро низ фаро мегирад. Яке аз сохторҳои пешсаф дар самти амалисозии технологияҳои иттилоотиву рақамӣ дар фаъолияти худ ин мақомоти гумрук мебошад, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ дар ғанигардонии буҷети давлатӣ ва танзими фаъолияти иқтисоди хориҷии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Гуфтан ба маврид аст, ки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ барои баланд бардоштани шаффофият ва сифати хизматрасониҳои гумрукии пешниҳодшаванда дар барномаҳои соҳавии мақомот ҳадафгузорӣ шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои гумрукӣ барои рушди савдои хориҷӣ дар Тоҷикистон, соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Омили асосии расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи мақомоти гумрук дар самти коҳиш додани вақти анҷомдиҳии амалиёти гумрукӣ ва мусоидатнамоӣ ба тиҷорати байналмилалӣ ин худкоркунонии равандҳои назорати гумрукӣ мебошад. Вобаста ба ин, мақомоти гумрук ҷиҳати мукаммал гардондани фаъолияти худ ва баланд бардоштани самаранокӣ пайваста технологияҳои рақамиро ҷорӣ менамояд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки раванди гумрукӣ зудтар ва шаффофтар ҷараён гирад, хавфҳо коҳиш ёбанд ва муҳити мусоид барои тиҷорати байналмилалӣ фароҳам оварда шавад. Ин буд, ки тайи чанд соли охир, сарфи назар аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ, дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар маҷмуъ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии гумрукӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ҷорӣ гардидани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ», ки боиси гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии 11 мақомоти ба низом шомилшуда гашт, ба сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ мусоидат намуд.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 5098,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гашта, дар асл, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 5721,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нақша 623,3 миллион сомонӣ зиёд ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 109 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Инкишофи инфрасохтори гумрукӣ, таҷҳизондани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо дастгоҳҳои муосири назоратӣ, автоматикунонии равандҳои санҷиш имкон доданд, ки вақти гузаштани молҳо аз сарҳад коҳиш ёбад ва Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратии худро бо дигар давлатҳои ҷаҳон васеъ намояд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4 746,8 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Маҷмуан, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ дар мақомоти гумрук на танҳо ба беҳтар шудани фаъолият ва баланд бардоштани самаранокии он мусоидат кард, балки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ низ шароити мусоид фароҳам овард. Ин раванд бояд пайваста такмил дода шавад, то мақомоти гумрук ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар пешрафти иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузорад.

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»