Баргашт Чоп кардан

ПАХТА-2025. ШАҲРҲОИ БОХТАР ВА ЛЕВАКАНТ АЗ ИҶРОИ НАҚША МУЖДА РАСОНДАНД


Заркорони шаҳрҳои Левакант зиёда аз 2300 ва Бохтар 515 тонна пахта ба хирмани бобаракати Ватан супурда, аз иҷрои уҳдадорӣ бо сарбаландӣ баромаданд. Дар ин бора сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода ба воситаи телефон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар дод.
Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шаҳритус, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Хуросон, Данғара ҳар рӯз аз 1,5 то 3 дарсади нақшаи солона пахта меғундоранд. Махсусан, дар 55 хоҷагии деҳқонии деҳоти Гулистони шаҳри Левакант маъракаи ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дорад. Ба иттилои мутахассиси бахши кишоварзии шаҳр Мирзоалӣ Қаландарзода, хоҷагиҳои деҳқонии Абдусалом Табаров, Сафарбек Сатторов, Ибодулло Эмомов, Ворис Шафизода ва дигарон ҳосили рекордӣ рӯёнда, дар иҷрои нақшаи шаҳр ҳиссаи арзандаи хешро зам намуданд.
Дар вилояти Хатлон кишоварзон ба чиниши мошинии пахта диққати махсус медиҳанд. Қитъаҳои ин зироати стратегӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Данғара ва Ёвон ба чиниши мошинӣ омода шудаанд ва ҳар рӯз 20 комбайн ба пахтазор мебарояд. Деҳқонон азм доранд, ки аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, дар ҳафтаҳои наздик ҳосили бо арақи ҷабин парвардаро то пағаи охирин ҷамъ оварда, дар оростани хирмани 298 ҳазору 100-тоннаи вилоят саҳми назаррас гузоранд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»