Сари вақт омода намудани соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, 28-уми марти соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 - 2026” ба тасвиб расида, иҷрои бандҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.
4-уми сентябри имсол таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати кории Ҳукумати кишвар доир гашт, ки дар он омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузаронӣ махсус таъкид шуд. Дар ин маврид дар ноҳияи дурдасти Лахш омодагиҳо чӣ гуна ҷараён доранд? Соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тандурустӣ, роҳу нақлиёт, бо маводи зарурии давраи сармо таъминанд? Доир ба ин масъала Муқим Ҷабборов, муовини раиси ноҳияи Лахш, иттилоъ дод, ки дар ноҳия барои таъмини аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо бо маводи зарурии ғизоӣ, гармидиҳӣ, сӯзишворӣ, ангишту ҳезум, маводи зиддилағжиш тадбирҳо андешида шуданд.
– Ҳоло таъмини соҳаҳои ноҳия бо маводи сӯхт ҷараён дошта, дар муассисаҳои бахши маориф захираи ангишт 77 дарсад, ҳезум 83, сӯзишворӣ 100, тандурустӣ – ангишт 85,6, ҳезум 40 дарсад, фарҳанг – ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ 100 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, барои дар давраи зимистон беталаф нигоҳ доштани чорво 25850 тонна хӯроки дурушт ва 10 тонна хӯроки ширадор захира шуд. Айни замон дар ноҳия беш аз 35 ҳазор чорвои калон ва наздики 155 ҳазор чорвои майда мавҷуд аст, – гуфт Муқим Ҷабборов
Ба гуфтаи Кабиршо Пирназаров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, барои омодагии ҳамаҷонибаи роҳҳои ҳудуди ноҳия ба давраи сармо 110 метри мукааб маводи зиддилағжиш (75 дарсади нақша) ва 3 тонна сӯзишворӣ (50 дарсади нақша) захира шудааст. Ҳамчунин, коргарон бо либосу лавозимоти корӣ таъмин гардида, аз 10 техникаи дар ихтиёри корхона мавҷудбуда, 9-тоаш коршоям мебошад. Аммо барои дар шароити яхбандию баъзан сербориши кӯҳистон ва селфароиҳои доимӣ Муассиса ба техникаҳои нави замонавӣ эҳтиёҷ дорад.
Тавре зикр шуд, дар ноҳияи Лахш роҳҳои маҳаллӣ 123,6, ҷумҳуриявӣ 29 ва байналмилалӣ 103 километр мебошад. Ин роҳҳо, бахусус дар шароити сармову яхбандии минтақаи баландкӯҳ, ба нигоҳубини хуб ниёз доранд. Аз ҷумла, ҳалли масъалаи дастрасии кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳо ба техникаҳои нав ба манфиати кор хоҳад буд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”