Аз оғози тақсимоти ройгони шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома”, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳолии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар расонаҳои хориҷии байналмилалӣ, аз ҷумла сомонаи хабаргузории BBC, матолиби зиёде нашр шуд. Чанде пеш доир ба ин рӯзномаи “Ҷумҳурият” гузорише ҳам рӯйи чоп овард. Аммо ин бор аз дидгоҳи расонаҳои кишварҳои арабӣ менигарем, ки онҳо ин инъоми бузурги Сарвари давлати моро чӣ гуна инъикос намуданд.
Яке аз серхонандатарин сомонаҳои арабӣ – “Ал-Мувотин” бо сарлавҳаи “Истиқлоли Тоҷикистон худшиносӣ, ҳифзи сарҳад ва эҳёи расму оинҳои мардумиро таҳким мебахшад” маводе нашр кард, ки дар он сухан аз арҷгузории осори гузаштагони тоҷику форс, бавижа “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, меравад.
Манбаъ бо ишора аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат иттилоъ медиҳад: “Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳёи анъанаву оинҳои пешин, арҷ гузоштан ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик бо сиёсати илму адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард”.
Дар идома зикр мешавад: “Аз иқдоми Ҷаноби Олӣ дар мавриди ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намудани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026 ҳадаф он аст, ки мардуми фарҳангдӯсти Тоҷикистон аз гузаштаи худ огоҳии боз ҳам бештар ёфта, ба қадри давлатсозию давлатдории дирӯзаву имрӯзаи сарзамин ва арзишҳои истиқлоли давлатӣ дар замони муосир бирасанд ва барои ояндаи неки сарзамини худ ҷаҳду талош намоянд”.
Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”-ро, ки соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Ҷашни муқаддаси миллиамон – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, сомонаи “Ал-Мувотин” онро як иқдоме барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тули таърих, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ, шинохти беҳтари миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик бо далелҳои раднопазир дар асари мондагору пурарзиши ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома” нек арзёбӣ мекунад.
Дар заминаи баррасиву баҳодиҳии ин расонаи арабӣ, маълум мегардад, ки тақдими “Шоҳнома” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ҳар хонаводаи тоҷик ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, ки боиси болоравии завқи китобхонии мардум мегардад, аз ҷониби на танҳо форсизабонони дунё, балки миллатҳои арабзабон низ баҳои баланд дода мешавад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”