23-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони кишварҳои аъзои СММ-ро ба муносибати 80-умин солгарди қабули Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид самимона табрику таҳният гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳолати ноустувору номуайян ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ шудани ҷаҳони муосир ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим ибрози андеша карда, нақши СММ-ро ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ АННА БЙЕРДЕ
23-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде вохӯрданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.
Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Оид ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз қабили саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ табодули судманди афкор ҷараён гирифт.
Татбиқи босамари лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
Мусоҳибон атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва умуман, ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.