Гузаштаи анқариб 35 соли соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки рушду пешрафти иқтисоди кишвар, имрӯзу фардо ба бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои наздику дур вобастагии амиқ дорад. Имрӯз тамоми шароиту имконияти истифодаи сарватҳои табиӣ фароҳам омадааст. Ҳамагон медонанд, ки 93 дарсади ҳудуди ҷумҳурӣ кӯҳсор буда, тарҳи релйеф, мавҷудияти кӯҳҳои сарбаафлоку барфпӯш ва пиряхҳои бузурги кӯҳӣ Тоҷикистонро дар саргаҳи тавлиди рӯду дарёҳои зулолу мусаффо қарор додааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ истиқлоли энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум муайян намуданд. Соли 1994 ду агрегати НБО «Помир-1» бо иқтидори 14 мегаватт ба кор даромад. 31-уми июли соли 2009 НБО «Сангтӯда-1» (670 мегаватт) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. НБО «Сангтӯда-2» соли 2013 бо иқтидори пурра ба кор шуруъ кард. Кашидани хатти интиқоли барқи 220-киловатаи «Лолазор – Хатлон», хатти интиқоли барқи 500-киловатаи «Ҷануб – Шимол» ва хатти интиқоли барқи 220-киловата ба Афғонистон дар муҳлати муайяншуда аз расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, миёни Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи лоиқаи САSА-1000 дар назар аст, ки сарчашмаҳои сармоягузории он муайян гардидаанд. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 270 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки барои таҷҳизондан ва азнавсозии техникии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» маблағи зиёди дохилию берунӣ сарф гардид. Бо вуҷуди ин ҳама дастовард, дар соҳаи энергетика, рушди босуботу бонизоми ояндаи кишварро бе НБО «Роғун» тасаввур кардан номумкин аст, зеро анҷоми сохтмони муваффақонаи НБО «Роғун» боиси низоми ҳамешагии кори силсилаи неругоҳҳои барқи обии болои рӯди Вахш хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Роғун» умри «Норак»-ро сад соли дигар дароз мекунад ва «Роғун» дар ояндаи наздик маркази нурофарини рушди кишвар ва минтақа хоҳад гашт. Ҳамакнун дар мамлакат сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар мавзеъҳои созгору мувофиқ идома дорад.
Дар ин росто, бисёре аз масъалаҳои муҳимро, ки хоси мавзуи болозикр аст, метавон пешниҳоди хонандаи закию арҷманд кард. Аммо манзури камина вобаста ба ҳама он маълумоте, ки тавонистам ба таври мухтасар пешниҳоди хонандаи нозукбину нуктафаҳм гардонам, дигар аст.
Бо арзу самимият ва эҳтироми бузург пешниҳод дорам, ки дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳама он муқаддасот: пахта, гандум, Офтоб, тоҷ, китоб, 7 ситора ва кӯҳ нишон ё аломате бо тасвири фаввораи об аз дарғоти неругоҳ ё тасвири хатҳои интиқоли баландшиддати барқ илова карда шавад.
Аз нигоҳи аввал, бо дидани Нишони давлатӣ, дар баробари ҳама он муқаддасоти тасвирёфта, миллату халқиятҳои олам дарк менамоянд, ки тоҷикон ворису пуштибони ҳақиқии сарватҳои обӣ мебошанд ва истифодаи самараноку оқилонаи ин неъмати бебаҳо боиси рушди иқтисоди кишварашон хоҳад гашт. Аз нигоҳи дуюм, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ тайи 25-соли охир бо пешниҳоди ташаббусҳо дар масоили ҳифзи оқилонаи истифодаи сарватҳои обӣ маъруфу машҳур гаштааст ва дар ин замина, оламиён эҳсос мекунанд, ки Тоҷикистон меҳани тавлиди ташаббусҳои беназир марбут ба обу пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо миёни кишварҳои олам маҳсуб меёбад.
Насрулло НОСИРОВ,
мушовири фанҳои география ва биологияи
шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон