Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар мамлакат бо дастаҷамъию дилгармӣ вусъати тоза касб намудааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар бунёди 29 910 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ аз ин шумора 23 228 иншоот бо таъсиси 47 457 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 77,6 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Айни ҳол бунёди 4 594 иншоот (15,3 дарсади нақша) идома дошта, сохтмони 2 118 иншооти дигар (7 дарсад) оғоз нагардидааст.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, шумораи умумии иншооти бунёдшаванда, тибқи нақша, дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба давраи аввали оғози сохтмони иншооти ҷашнӣ, яъне 1-уми декабри соли 2022 (22497 иншоот), 7413-то зиёд гардидааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 1025-тои он бо таъсиси 2368 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 75,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Сохтмони 198 иншооти дигар бомаром идома дорад.
Дар вилояти Суғд бунёди 12 469 иншоот ба нақша гирифта шуда, 10 827-тои он бо таъсиси 24 740 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 86,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Сохтмони 939 иншоот идома дорад.
Дар вилояти Хатлон сохтмони 6 734 иншоот дар нақша буда, 5 479-тои он бо таъсиси 3 911 ҷойи нави кор ба истифода дода шуд, ки 81,3 дарсади нақша мебошад. Сохтмони 872 иншоот идома дорад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, бунёди 5 ҳазору 23 иншоот дар нақша аст, ки аз ин 3168 иншоот (63,1 дарсади нақша) бо таъсиси 8 204 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар 1 822 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар шаҳри Душанбе сохтмони 4 322 иншоот ба нақша гирифта шуда, 2 729-тои он бо таъсиси 8 234 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт, ки ба 63,1 дарсади нақша баробар мебошад. Айни ҳол сохтмони 1 593 иншооти боқимонда бомаром идома дорад.
Дар ин раванд Кумитаи рушди маҳал тибқи ваколатҳои низомномавӣ омода аст, ки барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ бо вазорату идораҳо ва амалӣ гардондани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ҳамоҳангсозиро беш аз пеш ба роҳ монда, дар тақвияти масъулияти бардӯшдошта кӯшиш ба харҷ диҳад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”