Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН. ТАҲКИМИ РИШТАҲОИ ДӮСТӢ ДАР САТҲИ ШАҲРУ ВИЛОЯТҲО


19-уми сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокими шаҳри Алма-Ато Сатибалди Дархан Амангелдиевич дидору мулоқот анҷом дод. Таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис шуд, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон сол ба сол рушд меёбанд, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Боиси ифтихор аст, ки вилояти Хатлон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро дар шаҳри Алма-Ато доир мекунад ва ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, қариб чор миллион нафар аҳолӣ дорад. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, машҳур аст.
Ҳокими шаҳри Алма-Ато низ зимни суҳбат иброз дошт, ки муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки ду кишвар сол ба сол густариш ёфта, роҳандозии чунин намоишгоҳҳо дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим мегузорад. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алма-Ато Марат Султонгазиев мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбанд. Ин раванд дар заминаи сиёсати оқилонаи сарварони ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст амалӣ мегардад.
Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрӣ ба шумор рафта, ҷиҳати парвариши маваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, таҷрибаи бой дорад ва мо омодаем, ки содироти лимӯро ба Қазоқистон ба роҳ монем.
Дар мулоқот, инчунин, ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳлили раванди ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо ба ташаккули боз ҳам беҳтари равобит дар масъалаҳои тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, Давлаталӣ Саид дар вилояти Алма-Ато бо фаъолияти ҶДММ “Fruit Art” шинос шуд. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи олмонӣ меваро коркард мекунад. Раиси вилояти Хатлон аснои шиносоӣ бо роҳбарияти Ҷамъият вобаста ба табодули таҷриба ва ҳамкориҳо дар ин самт суҳбат намуд.
Дар ин хусус ба "Ҷумҳурият" аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"