Баргашт Чоп кардан

СУҒД. ГУЗОРИШ АЗ МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ


23-юми сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Занон дар иқтисоди «сабз ва рақамӣ» Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир гашт. Дар он беш аз 40 намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷиву молия, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамоҳангии шарикони рушд роҳандозӣ намуд.
Тавре зикр гардид, Форум ба як платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, барои иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст. Ҳадаф аз баргузории Форум дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор буда, ба имконияти иштироки занон дар рушди иқтисод ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунад.
Мавзуи асосии форум аз тавонмандии занон дар рушди "иқтисоди сабз" дар Осиёи Марказӣ, соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар самти иқлим, кишоварзии устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва рушди малакаҳои рақамӣ иборат буд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, сардори раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Маҷон, директори иҷроияи Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон Насибахон Аминова, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Бодуршозода ва дигар намояндагони давлатҳои иштирокчӣ дар ҷаласаҳои пленарӣ ҷанбаҳои гуногуни мавзуи асосиро матраҳ карданд.
Тавсия ва пешниҳодҳое, ки баён гардид, барои истифодаи минбаъда дар банақшагирии стратегӣ ба мақомоти дахлдори миллӣ ва сохторҳои шарики байналмилалӣ ирсол карда хоҳад шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳуриро ба масъалаи мавқеи занон дар ҷомеа таъкид намуда, иброз дошт, ки имрӯз бонувон баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд. Барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони минтақаҳои дурдаст Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои рушди ҳунармандӣ ва ҷалби бонувон ба соҳибкорӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Бояд гуфт, ки 22-юми сентябр дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, бо мақсади тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди занон тавассути санъат, анъана ва эҷодкорӣ дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ доир гардид. Ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумии занони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил карда шуда, меҳмонон бо маҳсули дасти занону духтарони тоҷик шинос гардиданд. Иштирокчиёни Форум аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, Қасри Арбоб ва маконҳои сайёҳӣ, мисли толори асосӣ, толори тамаддуни ориёӣ, толори давраи филизӣ ва бо таърихи глобуси илман асоснок ва инъикоскунандаи 12 бурҷи осмонии Ҳоҷӣ Юсуф дар Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд.

М. САНГМАМАДОВА, “Ҷумҳурият”