Баргашт Чоп кардан

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об»


23-юми сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии махсуси сатҳи баланд зери унвони «Ташаккули ояндаи об» иштирок ва суханронӣ кард.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки об дар ҳалли мушкилоти глобалии имрӯза нақши калидӣ дорад ва ҳамбастагии об, энергетика ва озуқаро ҳамчун имкони табдил додани хатарҳои марбута ба имконияти устувор унвон намуд.


Ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ИДМ
24-уми сентябр дар шаҳри Минск ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гашт.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиа Бобоҷон Саидзода иштирок намуд. Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ байни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳод муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.


Ҳамоиши вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа вазирҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколсев иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо ва натиҷаҳои ташкил ва истифодабарии ҳисоботҳои махзани ахбороти байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Дар Вазорати фарҳанг ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир шуд.
Иштирокдорони ҷаласа замон ва макони баргузории Озмунро интихоб намуданд. Он аз 25-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Ҳамзамон, аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии Озмун саъй кунанд.


Форуми байналмилалӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат
Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон таҳти унвони «Аз камбизоатӣ ба тараққиёт» бо иштироки намояндагони зиёда аз 30 ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ва 200 коршиноси байналмилалӣ Форуми байналмилалӣ баргузор гашт.
Тоҷикистонро дар Форум вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода намояндагӣ намуд.
Вазир дар мавзуи «Маҳорат ҳамчун омили рушди устувор: таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат» маъруза кард. Иброз гардид, ки ин масъала барои Тоҷикистон муҳим буда, давлат ба рушди шуғли босамар ва омода сохтани кадрҳои соҳибихтисос ҳамчун самти асосии мубориза бо камбизоатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.