Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД!


Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду барқарорсозии иншоот ва инфрасохтори таъиноташон гуногун бомаром идома дорад. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони бонангу ор ва мардуми сарбаланду шарафманди шаҳри Турсунзода дар роҳи ободии диёр камари ҳиммат баста, барои татбиқи ҳадафҳои созанда шабу рӯз дар талошанд.
Ҷамшед Зоирзода, мудири бахши меъморӣ ва сохтмони шаҳри Турсунзода, дар ин бора ба «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод:
– Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаем. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то Ҷашни миллӣ дар шаҳри Турсунзода бунёду барқарорсозии 459 иншоот дар назар аст. Зимнан, бо саъю талоши аҳли заҳмати шаҳр зиёда аз 323 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар бунёду эҳёи инфрасохтори соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, таъмиру барқарорсозии роҳҳои нақлиётгард ва дигар самтҳои зарурӣ авлавият додаем. Аз рӯи нақша, бояд дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ – 54 иншоот, Навобод – 40, Турсун Туйчиев – 41, Ҷӯра Раҳмонов – 34, Сешанбе – 34, Работ – 38, Пахтаобод – 27, 10-солагии Истиқлолият – 54 ва маркази шаҳри Турсунзода 100 иншоот бунёд гардад.
Бо дастгирии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, соҳибкорон ва фаъолони шаҳру деҳот дар марказ ва деҳоти шаҳр таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Бавижа, бошандагони ҷамоатҳои деҳот ташаббус нишон дода, роҳҳои фарсудаю таъмирталаби деҳоти худро асфалту бетонпӯш намуданд. Айни ҳол, дар маҷмуъ, 108 километр роҳҳои нақлиётгард таъмиру навсозӣ шудааст.
Қомат афрохтани биноҳои истиқоматии баландошёна бо тарҳҳои муосир дар хиёбону кӯчаҳои марказӣ симои шаҳрро ҷилои дигар бахшидаанд. Ҷойгирсозии ҳамаи биною иншоот дар асоси Нақшаи генералии шаҳр амалӣ карда мешавад. Тамоми корҳои сохтмонӣ ҳам дар иншооти давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ зери назорати қатъӣ қарор доранд. Дар пайи санҷиши мутахассисони бахши меъморӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои сохтмонии се иншоот камбудӣ ошкор гардид. Бо ҳадафи андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба сохтмончиён ва бартараф кардани камбудиҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода, ба прокуратураи шаҳри Турсунзода пешниҳод намудем. Сохтмончиёне, ки дар ҳуҷҷатгузорӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ё сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ беэътиноӣ мекунанд, тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»