![]()
Аз соли 2016 инҷониб 15-уми сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Гулистон таҷлил мешавад. Рӯзи шаҳр ин бор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” таҷлил шуд.
Таъкид гашт, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рӯ овардан ба таърихи гузаштаи халқу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ доиршавии чунин чорабиниҳо ба ҳукми анъана медарояд.
Маврид ба таъкид аст, ки шаҳри Гулистон то 3-юми марти соли 2016 миёни сокинони кишвар бо номи Қайроққум машҳур буд ва бо дарназардошти замони соҳибистиқлолӣ, ҷавобгӯй будани номи маҳал ба талаботи давр ивази ном кард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Гулистон дар ҳамаи самтҳо рушд карда, обрӯву эътибори миёни минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷидоштаи худро боз ҳам боло мебардорад.
Гулистон имрӯз ба шаҳри неруманди саноатӣ табдил ёфтааст. Саҳми маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дар миқёси вилояти Суғд наздик ба 13 дарсад расида, музди миёнаи маоши кормандони соҳа қариб ба 4 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Гулистон корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ арзи вуҷуд намуданд. Дар маркази шаҳр ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» фаъолият дорад. Корхонаҳои саноатии шаҳр бо беш аз 21 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд. Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатии Гулистон аз 13 ба 48-то расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 ба 90 баробар шуд.
Дар соҳаи маорифи шаҳр дар даврони истиқлоли давлатӣ се бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, гимназияи №1-уми ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳамчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муассисаҳои таълимии томактабии “Бобуна” ва “Баҳор” таъмиру навсозӣ гардида, Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр бунёд ёфта, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Илова ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар маркази шаҳр, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Зарчашма ва Гулдараи шаҳраки Адрасмон ва бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи шаҳраки Адрасмон кушода шуданд. Ҳамчунин, маркази саломатии шаҳраки Сирдарё бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Комплекси варзишӣ-солимгардонӣ, майдонҳои варзишӣ дар маркази шаҳр ва минтақаи фароғатӣ бунёд ёфтанд.
Осорхонаи шаҳр дар бинои шуъбаи фарҳанг ташкил ёфта, дар он экспонатҳои гуногун марбут ба таърихи шаҳру шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо гирд оварда шудаанд.
Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр таъмир, бунёд ва навсозии 280 иншооти ҷашнӣ дар нақша буда, то имрӯз 214-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо аз файзи соҳибистиқлолӣ шаҳри Гулистон гулистонеро мемонад, ки бо гулҳои рангоранг, бо ҳазорон тобишу ҷилои нотакрору мафтункунанда сокинони кишварро хушнуд мегардонад. Хушбахтона, самараи истиқлоли давлатӣ, яъне сулҳу ваҳдати халқамонро дар ҳама ҷо мушоҳида менамоем. Мо дар пешрафту инкишофи кишварамон якдилу якмаром, сарҷамъ ва муттаҳид ҳастем. Умед аст, ки ин дӯстиву рафоқат моро сӯи ояндаи нек, бунёди давлати мутамаддину замонавӣ пешбарӣ хоҳад кард. Бо итминон гуфта метавонем, ки шаҳри соҳили “Баҳри Тоҷик” дар даврони истиқлоли давлатӣ ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал ёфтааст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”,
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мудири бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон