Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЭММАНУЭЛ МАКРОН


24-уми сентябр дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзуъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.