Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 23-юми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дере нагузашта расонаҳои хориҷӣ ба мулоҳизаву пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат, ки на танҳо барои мардуми тоҷик, балки ба хотири оромиши сокинони сайёра ироа гардиданд, таваҷҷуҳи хосса намуданд.
Аввалин шуда сомонаи СММ доир ба суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабару гузоришҳоро ба тариқи чандрасонаӣ, бо истифода аз навору аксҳо пахш намуд. Ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи ҳузури Пешвои миллат дар толори қароргоҳи СММ гузорише бо сарлавҳаи “Президенти Тоҷикистон дар СММ: ҳифзи пиряхҳо, ислоҳоти низоми молиявӣ ва зеҳни сунъӣ” дар фазои иттилоотӣ давр зад. Манбаъ менависад: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, хостори талошҳои муштарак барои таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва рушди устувор шуд. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон имрӯз бо чолишҳои бесобиқа – аз буҳронҳои геополитикӣ то тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст”.
Ғайр аз ин, дар гузориш аз суханронии Пешвои миллат иқтибос овардаанд: “Кишварҳои моро зарур аст, ки барои ҳифзи сулҳ ва бозгашт ба риояи комили қонунҳои байналмилалӣ талошҳои муштарак ва пайгирона кунанд”.
Гузориши мазкур ба зерсарлавҳаҳо тақсим шудааст, ки ҳар кадоми онҳо мавзуеро аз суханронии Пешвои миллат баррасӣ ва инъикос мекунанд: “Дастгирии кишварҳои осебпазир ва ислоҳоти механизмҳои молиявӣ”, “Мушкилоти иқлим ва ҳифзи пиряхҳо”, “Маърифати ҳуқуқӣ ва технологияҳои рақамӣ”, “Мубориза бо терроризм ва киберҷиноят”.
Дар гузориш махсусан зикр шудааст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзуи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданд. Суханҳои тиллоии Сарвари давлати моро такрор ба такрор дар таҳияи матн истифода бурдаанд: “Пиряхҳо ва дигар манобеи оби Тоҷикистон то 60 дарсади манобеи оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мо набояд ба сарнавишти манбаи ҳаёти инсон – об бетараф бошем”.
Дар робита ба суханронии Пешвои муаззами миллати мо васоити ахбори оммаи дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Агентии иттилоотии “Анадолу” низ хабару гузоришҳои муфассал нашр намуданд. “Анадолу” таҳти унвони “Президенти Тоҷикистон аз СММ даъват кард, ки эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро баррасӣ намояд” матлабе пахш кард, ки дар он масъалагузориву андешарониҳои Сарвари давлати мо дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид инъикос ёфтааст.
Марина Муссо, хабарнигори “Анадолу” маводи нигоштаи худро бо зерсарлавҳае таҳия кардааст, ки аз суханони хирадмандонаи Сарвари давлати мо иқтибос шудаанд: “Мо аз ҳамаи давлатҳои узв даъват менамоем, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд”.
Дар гузориш зикр шудааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити афзоиши бесуботӣ ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ бар зарурати бозгашт ба риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ таъкид карданд. Аз тамоми давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки ихтилофҳоро танҳо тавассути воситаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд ва, инчунин, пешниҳод карданд, ки Ассамблеяи генералии СММ масъалаи эълон кардани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ғайр аз ин муаллиф менависад: “Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи об аз ташаббуси Тоҷикистон барои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ёдовар шуда, кишварҳоро ба ширкат дар Конфронси навбатии оби Душанбе, ки соли 2026 баргузор мешавад, даъват карданд”.
Ҳамин тавр, дар расонаҳои бонуфузи хориҷӣ иштирок ва суханронии Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозтоби густурда ёфт. Ҷумлае, ки Пешвои миллат баён доштанд: “Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем” дар бештари воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ тарҷума шудаву шиор гардид. Аз ин ҳикмат метавон дарёфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои инсонӣ ҳамеша дар канори мардуми олам аст ва бетарафиро дар ин росто намепазирад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”