Бешак, таъмиру сохтмони роҳҳо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият мебошад. Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки яке аз аввалин иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди барқарории сулҳу субот ва муътадилшавии вазъи иқтисодӣ ин бунёди роҳи мошингарди Душанбе – Чанак ба дарозии 343 километр бо маблағи 295 миллион доллари ИМА буд.
Роҳ соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, минтақаҳои шимолу ҷанубро дар тамоми фаслҳои сол ба ҳам пайваст ва ба рушди устувори иқтисодӣ, осон намудани рафтуомади сокинони тамоми минтақаҳо ва таҳкими дӯстиву рафоқат мусоидат мекунад.
Лоиҳаи навбатии дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои вилояти Суғд ин сохтмони роҳи Айнӣ – Панҷакент ба дарозии 113 километр бо арзиши 115 миллион доллар мебошад, ки соли 2016 ба сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом ёфт.
Айни замон дар вилояти Суғд дар заминаи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар кардани роҳҳои мошингарди Осиёи Миёна” корҳо ҷиҳати таъмири асосии роҳҳои мошингарди Куруш – Бекобод ба масоҳати 12,3 километр, Деҳмой – Ғафуров 22 километр, Ғафуров – Хистеварз 6,6 километр ва Конибодом – Кӯчкак 10,3 километр ба маблағи 56 миллион доллар амалӣ мешаванд. Солҳои наздик дар назар аст, ки роҳҳо дар самти Хуҷанд – Ашт ба масоҳати 120 километр ва Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ 65 километр пурра бунёд ва таъмир гарданд.
Тавре Музаффар Носирзода, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғд, иброз медорад, бунёду таъмири роҳҳои мошингард дар шаҳру навоҳии вилоят ба марҳалаи нав расид. Акнун дар баробари роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта низ бо ҷалби соҳибкорону ширкати фаъолонаи аҳолӣ бо усули ҳашар навсозиву мумфарш шуда, ба ҳаракати бехавфи нақлиёт мусоидат мекунанд.
– Агар соли 2024 дар шаҳру навоҳии вилоят бо усули ҳашар ба ҷойи 211,1 километр 248,2 километр роҳ таъмири пурра шуда бошад, пас дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 351,8 километр расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 100 километр зиёд аст. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳо корҳои таъмири роҳҳо идома доранд, – мегӯяд Музаффар Носирзода.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
ВАРЗОБ. ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Ноҳияи Варзоб, чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф, рӯ ба ривоҷу равнақ доранд.
Насриддин Ҷафарзода, мудири шуъбаи морифи ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонию азнавсозии иншооти таъиноти гуногун бомаром идома доранд. Ҳамчунин, дар ноҳия ба сохтмон, таъмир ва навсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳбуд меёбад. Ҳамин ободкориҳост, ки чанде пеш бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар ноҳия ду муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд.
Яке аз онҳо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-уми деҳаи Қулпистаи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Муассиса аз лиҳози инфрасохтор ба талаботи муосири соҳаи маориф ҷавобгӯ буда, дорои 11 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис, утоқи тиббӣ, ошхона, китобхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Он барои 264 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, тамоми синфхонаҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти таълимии зарурӣ таъмин аст. Дувумӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30-юми деҳаи Чинори ҳамин деҳот, ки дорои 7 синфхона буда, барои фарогирии 84 хонанда дар як баст пешбинӣ мегардад. Он низ бо инфрасохтори стандартии таълимӣ ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳаз аст. Дар назди Муассиса майдончаи варзишӣ бунёд ёфт, ки барои тарбияи ҷисмонии хонандагон имконияти васеъ фароҳам меорад.
Зимни ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ Дилрабо Мансурӣ иброз намуд: «Ифтитоҳи чунин муассисаҳои таълимии замонавӣ яке аз самараҳои сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия барои насли наврас ва ҷавонон мебошад».
– Бояд таъкид сохт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия наздик ба 30 синфхонаи иловагӣ дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, имрӯзҳо дар доираи Ҷашни миллӣ дар назди 19 муассисаи таълимӣ таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак дар назар аст, – гуфт дар хотима Насриддин Ҷафарзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
ҲУНАРМАНДӢ. ҶАВОНИ ТОҶИК ҒОЛИБИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
19-21-уми сентябр дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон Фестивали сеюми байналмилалии ҳунармандӣ баргузор гардид. Дар он аз 70 давлати ҷаҳон 278 нафар ҳунарманд ва коршиносон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 20 ҳунарманд муаррифӣ намуд.
Дар интиҳои Фестивал аз рӯйи ҳафт номинатсия 21 нафар ғолиб эътироф шуданд, аз ҷумла дар номинатсияи «Устои беҳтарини мактаби ҳунармандӣ» яке аз шогирдони мактаби кордсозии Истаравшан Аюбхон Мирзоев сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби 2 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ гардид.
– Баргузории чунин ҷашнвораҳо, ки ин бор дар шаҳрҳои Қӯқанд ва Риштони вилояти Фарғона ба вуқуъ пайваст, барои ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ҳунармандон хеле мусоидат хоҳад кард, – гуфт раҳбари Созмони ҷамъиятии “Иттиҳодияи ҳунармандони вилояти Суғд” Салимабону Каримова.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Қӯқанд