Баргашт Чоп кардан

ФИРДАВСӢ

(Дар ҳошияи китоби “Шоҳнома”, ки бо ибтикори тозаи Пешвои миллат ба ҳар хона мерасад)

Намедонам чи розе дораду асрор Фирдавсӣ,
Ки номаш ҳар замоне мешавад такрор: Фирдавсӣ.
Зи шеъри дилписанди пайравонаш нек донистам,
Ки баҳри мо бувад як ҳадя аз Додор Фирдавсӣ.
Китобаш то писанди мардумон дар асрҳо бошад,
Бипаймудаст роҳи сахту ноҳамвор Фирдавсӣ.
Ба ангушти расои ҳикмати беинтиҳои худ,
Ба мо ояндаро бинмуд бо исрор Фирдавсӣ.
Агарчи ҳар замоне оташе дар пеши рӯяш буд,
Сиёвушвор берун шуд зи коми нор Фирдавсӣ.
Ба болои китоби “Шоҳнома” сад харидор аст,
Биёмӯзанд розашро ҳама бедор Фирдавсӣ.
Ба пирӯзӣ Таҳамтан гар ҳамеояд зи ҳар разме,
Нигаҳбонаш будӣ аз хасми бадкирдор Фирдавсӣ.
Нагардад то Хуросон пойкӯби лашкари душман,
Варо бинмуд аз хишти сухан девор Фирдавсӣ.
Наёбад то газанд аз зулмати ошӯбҳои даҳр,
Намуд асли Аҷам андар сухан подор Фирдавсӣ.
Миёни шоирон чун кӯҳи Албурз аст ин шоир,
Агарчанде будӣ дар пояи сад дор Фирдавсӣ.
Яқинам шуд, Баёзӣ, ин ки бо шеъри ҷаҳонгираш,
Дар ин олам ҳамеша мекунад пайкор Фирдавсӣ.

Саидҷаъфари БАЁЗӢ