Баргашт Чоп кардан

“ЧАРО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ ҶОЙГОҲИ МУНОСИБ НАДОРАД?”


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Дилноза Ҳукматуллоеваро бо номи “Чаро забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ ҷойгоҳи муносиб надорад” (“Ҷумҳурият”, 18.04.2025, №75-76) истиқбол менамояд. Мақола камбудиҳои фазои рақамиро нишон додааст, ки барои корбарии оянда метавонад роҳнамо бошад.

Яқин аст, ки баёни мушкилот ҳалли мушкилот нест. Барои ҳалли мушкилот муаллиф дар фаслҳои “Дастгирии давлатӣ ва сармоягузорӣ” ва “Кофӣ набудани мутахассисони NLP (Коркарди забони табиӣ)” пешниҳодҳои муҳим кардааст, ки мо ҳам бо ӯ мувофиқем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти технология ва рақамикунонӣ корҳои зиёде карда истодааст, ки метавонанд дар оянда барои беҳтар шудани фазои иттилоотӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои он идоракунӣ ва танзими раванди амалисозии ҳукумати электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи имзои электронӣ, савдои электронӣ, батанзимдарории зеҳни сунъӣ ва мукаммалнамоии равандҳои технологӣ мебошад. Рушди ин масоил барои фазои рақамикунонӣ мусоидат менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) доир ба масъалаи мазкур Вазорати молия, Бонкӣ миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Ҳамчунин, Сарвари маҳбубамон баён карданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Ин ҳолат низ дар ҳаёти соҳаи мазкур такони ҷиддӣ мебахшад.
Барои тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас ироа кардаанд, ки ояндаи соҳаро мунаввар месозад. Ҷаноби Олӣ изҳор карданд: “Дар низоми таълими муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ бояд равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад”.
Тавре мебинем, рақамикунонӣ ва пешрафти соҳа вусъати тоза касб кардааст ва ин ҳолат моро дилгарм месозад, то дар самти ташаккули забони расонаҳои иттилоотӣ бо тайёр шудани мутахассисони соҳа иқдомоти заруриро роҳандозӣ карда бошем.

С. РАҲМАТУЛЛОЗОДА, раиси Кумита