Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон аз Порис то Душанбе» бахшида ба 700-солагии шоир Конфронси байналмилалӣ бо ширкати олимону адабиётшиносони Эрон, Олмон, Афғонистон ва Покистон доир шуд.
Дар Конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт: «Дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти тоҷику форс ба шумор меравад, барои муаррифии ин шоири ширинсухани дорои афкори баланди адабию эстетикӣ басе муҳим арзёбӣ мегардад».
Ҳамчунин, дар чорабинӣ аҳли илму маърифат ва донишмандону суханшиносони дохил ва хориҷи кишвар оид ба рӯзгор ва афкори адабии шоир ибрози назару андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми июни соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки муҳаққиқони зиёда аз 80 давлатии олам зери унвони «700 сол бо Ҳофиз» Конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардида буд.
НАШРИ НАХУСТШУМОРАИ МАҶАЛЛАИ «НАВИДИ ИЛМ»
Нахустшумораи маҷаллаи «Навиди илм»-и Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасти хонанда расид. Дар ин бора Кумита хабар додааст.
Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Навиди илм» моҳи марти соли равон таъсис ёфта, ба сифати минбари муътамади илмӣ ҳадаф дорад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқони ҷавон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва дигар олимону пажӯҳишгаронро дар муҳити илмии ватанию хориҷӣ муаррифӣ намояд.
Маҷалла аз рӯйи 17 самти илм 37 мақолаи илмию назариявии муҳаққиқони ватанию хориҷиро дар бар мегирад.
“Навиди илм” дорои сомонаи расмӣ бо суроғаи www.navidiilm.tj ва почтаи электронии navidi-ilm@mail.ru мебошад.
ОҒОЗИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Аз 25 то 30-юми сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён гирифта, дар он 509 ғолиби даври дуюм иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки даври якуми Озмун аз 1-уми апрел то 10-уми май дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10-уми июн то 5-уми июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”