Баҳрабардорӣ аз минтақаҳои табиии дастнорасида, мусоидат ба ҳифзи табиати нодир, арзишҳои фарҳангӣ ва дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ аз принсипҳои асосии сайёҳии экологӣ ба шумор мераванд. Биёед бифаҳмем, ки дар асл сайёҳии экологӣ чист ва чаро он дар байни ҷомеаи ҷаҳон маъмул мегардад.
САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ЧИСТ ВА КАЙ ПАЙДО ШУД?
Саёҳати масъулиятнок, ки имкони шиносоӣ бо табиат ва фарҳангро бо таъсири камтарин ба он имконпазир мегардонад ва ба беҳзистии ҷомеаҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, ин сайёҳии экологӣ мебошад. Дар айни ҳол сайёҳии экологӣ ягона навъи сайёҳие мебошад, ки ба муҳофизату нигоҳдошти макони будубош ва сайр нигаронда шудааст. Дар чунин саёҳат одамон кӯшиш мекунанд, ки партовҳои зарарнокро ба атмосфера кам намоянд, бо табиат муносибати эҳтиёткорона дошта бошанд.
Сайёҳии экологӣ дар солҳои 1990-ум, вақте ки мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии рушди саноат ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфт, пайдо шуд. СММ соли 2002-юмро - Соли сайёҳии экологӣ эълон кард. Соли 2003 Созмони ҷаҳонии Маркази сафарҳои масъул таъсис дода шуд.
Инчунин, зикр кардан зарур аст, ки сайёҳии экологӣ пас аз пандемияи ҷаҳонӣ, баъди буҳрони бесобиқа дар соҳаи сайёҳӣ, шуруъ аз соли 2021 ҳаводорони зиёд пайдо кард ва ҷаҳонгардон истироҳат дар кишварҳои худ, дуртар аз издиҳоми одамон ва дар иҳотаи табиатро интихоб мекарданд.
ЧАРО САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶАҲОН
МАЪРУФИЯТ ПАЙДО МЕКУНАД?
Тибқи ҳисобҳои гуногун, шумораи сайёҳон дар сартосари ҷаҳон ҳар сол то 20 дарсад меафзояд. Ҳамин тариқ, экосайёҳӣ яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон мебошад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, афзоиши талабот ба сайёҳии экологӣ ба се омили асосӣ вобастагӣ дорад: афзоиши умумии сайёҳӣ; маъруфияти афзоянда ба саёҳатҳои махсусгардондашуда; баланд шудани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз масъалаҳои ҳифзи муҳити зист.
Дар навбати худ, афзоиши умумии сайёҳӣ аз ҳисоби зиёдшавии аҳолӣ, афзоиши даромад ва шуғл, кӯтоҳ шудани ҳафтаи корӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва ҳамгироии иқтисодиву ҷомеаҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Афзоиши огаҳӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, шояд, муҳимтарин омили таҳрикдиҳандаи талабот ба экосайёҳӣ дар даҳсолаи охир бошад. Сайёҳон на танҳо майли дидани маконҳои нодири табиӣ, балки иштирок дар ҳифзу нигоҳдории онҳоро доранд.
ЭКОСАЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ба шарофати захираҳои беназири табиӣ, ҷойгиршавии мувофиқ ва муаррифии ҳадафнок сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон маъруфият пайдо менамояд. Махсусан, қаторкӯҳҳои Фон аз ҷумлаи мавзеъҳои ҷолибтарин дар Тоҷикистон буда, бо зебоии дастнорас ва экосистемаҳои нодиртарини худ машҳур мебошанд. Сарфи назар аз ҷолибият, бисёри мавзеъҳои ин минтақа аз сайёҳии оммавӣ нисбатан бетаъсир боқӣ монда, барои ҷаҳонгардони аз ҷиҳати экологӣ шуурнок макони идеалӣ гаштаанд. Масалан, Ҳафткӯл ва Искандаркӯл ганҷинаҳои обие мебошанд, ки дар кӯҳҳои Фон ҷойгиранд. Ин кӯлҳои ором дар иҳотаи қуллаҳои баланд, дарахтону сабзаҳои зебо ба меҳмонон истироҳати ором дар табиатро пешниҳод менамоянд. Ҳамин гуна маконҳои дастнорасида қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар мавҷуд буда, 22 дарсади қаламрави кишварро ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, дар Бадахшони кӯҳӣ имкониятҳои нодири сайёҳии экологӣ маҳфузанд. Ин минтақа дорои манзараҳои бениҳоят гуногуни табиӣ, аз ҷумла қаторкӯҳу дараҳо, марғзору кӯлҳо ва пиряхҳо мебошад. Инчунин, дар ин ҷо Парки миллӣ доман густардааст, ки ҳамаи ҳамин зебоиҳоро фаро гирифта, имкониятҳои гуногуни сайёҳии экологӣ, аз қабили кӯҳгардӣ, кемпинг ва тамошои табиатро пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, сарватҳои табиӣ ва иқлими минтақаи Рашт барои сайёҳии экологӣ мувофиқанд. Вилояти Хатлон бо ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Норак дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳии экологӣ аст.
ХУЛОСА
Тибқи нишондиҳандаи омори соҳаи сайёҳӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 761391 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст. Тибқи таҳлилҳо, ин рақамҳо ҳамасола тамоюли зиёдшавӣ доранд. Гарчанд таҳлилҳои алоҳида оид ба сайёҳони экологӣ нест, вале метавон хулоса кард, ки бештари меҳмонон, албатта, ба хотири табиати нодири Тоҷикистон сафар мекунанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки садҳо ва ҳазорҳо сайёҳон аз маконҳои зикршудаи табиӣ боздид мекунанд.
Тамоюли афзояндаи сафарҳои махсусгардондашуда дар солҳои охир имкониятҳои Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳии экологӣ зиёд мегардонад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии экологӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин ҳадаф дар Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ пешбинӣ шудааст.
Коршиносони соҳа андеша доранд, саёҳатҳое, ки танҳо принсипҳои инфиродии сайёҳии экологиро риоя мекунанд ва бевосита ба беҳтар шудани ҳифзи муҳити зист натиҷа намедиҳанд, наметавонанд экосайёҳӣ ҳисобида шаванд. Бинобар ин, умед мебандем, ки дар баробари рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, масъулони соҳа баҳри пешгирии омилҳои харобиовари он низ тадбирҳои муассир андешида, сертификатсияи ҳатмии хизматрасонӣ, роҳандозии ташкилии он ва дигар чораҳоро пешбинӣ менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»