Баргашт Чоп кардан

ҶУДО


Ду медали паҳлавонони кишвар дар Гран-прии Қингдао
26-28-уми сентябр мусобиқаи нав-батии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гран-прии Қингдао (Чин) доир гашт.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 200 варзишгар аз 26 давлат ширкат дошт. Ҷумҳурии моро 10 нафар намояндагӣ карда, ба гирифтани ду медал – як нуқра, як биринҷӣ – мушарраф шуданд.
Медали нуқраро Обид Ҷебов дар вазни -66 кг ба даст овард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар чорякфинал намояндаи Қазоқистон Нурмухамед Ботабай, дар нимфинал паҳлавони Ҷумҳурии Корея Ченйонг Кимро мағлуб намуд, вале дар финал аз варзишгари муғулистонӣ Басхуу Ёндонперенлей шикаст хӯрда, ҷойи дуюмро гирифт.
Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар вазни -100 кг дар ду давр бар варзишгарони Ҷумҳурии Корея (Ҳансу Ким) ва Британия (Макс Григорий) дастболо шуда, дар нимфинал аз Зсомбор Веги маҷористонӣ мағлуб гашт. Ҷаҳонгир, сипас дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи Полша Мишел Едрзейевскийро шикаст дод.
Барандагони медал, ҳамчунин, бо ҷоизапулӣ қадр шуданд – ғолибон бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 ва медали биринҷӣ бо 1000 евро.

Дурахши паҳлавонони кишвар дар Абу-Забӣ
27-28-уми сентябр дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи байналмилалии ҷудо миёни ҷавонон ва калонсолон доир гашт. Паҳлавонони кишвари мо дар ин мусобиқа ширкат карда, 9 медал ба даст оварданд.
Рӯзи аввал байни ҷавонони то 18-сола Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -60 кг ба гирифтани медали тилло муваффақ шуд. Рошид Неъматов дар вазни -81 кг ва Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг сазовори медали нуқра гардиданд. Муҳаммадрофеъ Ҳабибов дар вазни -66 кг, Бобоҷон Шаропов дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Дар рӯзи дуюм паҳлавонони мо байни калонсолон рақобат карданд ва беҳтарин натиҷаро Муҳаммадрофеъ Ҳабибов ба даст овард. Ӯ дар вазни -66 кг бар ҳама ҳарифонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро гирифт. Бобоҷон Шаропов дар вазни -73 кг медали нуқра, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг ва Ёқубҷон Назиров дар вазни -100 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.


БАДМИНТОН
Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ медал гирифт
Дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон миёни наврасону ҷавонон доир шуд, ки дар он 97 варзишгар аз ҳафт кишвари минтақа ширкат кард.
Барои медалҳо дар се синну сол – U15, U17 ва U23 – намояндагони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Муғулистон, Эрон ва Тоҷикистон мубориза бурданд.
Вохӯриҳои финалӣ, асосан, байни варзишгарони Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон сурат гирифт. Миёни варзишгарони то 15-сола варзишгарони мо Аббос Ғоибов ва Ҷаҳонгир Тоштемиров дар ҷуфти писарон медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон соли сеюм аст, ки баргузор мешавад ва ба як майдони муҳими рушди бадминтон табдил ёфтааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”